Матни равон

7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ корхонаи истеҳсоли ноқили барқӣ ва лула (шланг)-и Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Абдуллоев Саидбой”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Саидбой Абдуллоев дар доираи “Солҳои рушди саноат” бунёд карда шудааст.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи саноатӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон иттилоъ дода шуд, ки он дар масоҳати 1 гектару 5 садяк замин бунёд гардида, аз ду коргоҳи истеҳсолии ноқили барқӣ, рӯдаи резинӣ ва гофра иборат аст.

Коргоҳи истеҳсоли ноқили барқӣ дар масоҳати 1200 метри мураббаъ ҷойгир буда, тавоноии истеҳсолияш 300 ҳазор метри тӯлонӣ дар моҳ мебошад. Дар ин коргоҳ то 30 намуд ноқили барқӣ бо тавононии аз 450 волт то 1 киловолт истеҳсол карда мешавад. Ин ноқилҳо барои гузаронидани хатти барқи дохилии биноҳои истиқомативу маъмурӣ нигаронида шудаанд.

Гуфта шуд, ки дар ин коргоҳ дар ду баст 14 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши мувофиқ таъмин гардиданд. Айни ҳол маҳсулоти хом барои рӯйкаши ноқилҳо аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад. Дар оянда дар нақша аст, ки истеҳсоли гранулаҳои пластикӣ дар худи ҳамин корхона ба роҳ монда шавад.

Фаъолияти коргоҳи дигари ин корхона ба истеҳсоли рӯда (шланг)-и резинӣ нигаронида шудааст. Дар коргоҳ 8 нафар дар ду баст ба кор ҷалб карда шудаанд. Дастгоҳҳои коргоҳ низ истеҳсоли ширкатҳои пешқадами ҷаҳонӣ буда, ворид ва насб карда шудааст.

Коргоҳи истеҳсолӣ дар масоҳати 648 метри мураббаъ бунёд карда шуда, дар як моҳ тавоноии истеҳсоли 60 ҳазор метр рӯда (шланг)-и резинӣ ва гофраро доро мебошад.

Дар ин ҷо 7 намуд рӯда (шланг)-и резинии қутраш аз 10 то 40 миллиметр ва 5 намуд гофра бо қутри аз 16 то 40 миллиметр истеҳсол карда мешавад.

Дар сохтмони корхона ширкати ватании “Амир” ҷалб гардида, он дар зарфи қариб як сол бо сифати баланд бунёд карда шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имкониятҳои корхона ба сифати корҳои сохтмонӣ ва нақши он дар таъмини ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва коҳиши маҳсулоти воридотӣ баҳои баланд доданд.

Дар корхонаи нав дар баробари биноҳои истеҳсолӣ ҳамчунин бинои маъмурӣ, ошхона барои кормандон ва дигар иншооти ёридиҳанда мавҷуд аст, ки шароити мусоидро барои кору истироҳати кормандон фароҳам кардааст.

Дар маҷмуъ дар корхона наздики 30 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин карда шудаанд.

Дар саҳни ҳавлии корхона намунаи молу маҳсулоти ин коргоҳи саноатӣ ба намоиш гузошта шуд.

Ба истифода додани чунин корхонаҳо, ки асосан молу маҳсулоташон ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронида шудааст, дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар қадами намоён ба ҳисоб меравад.

Бо назардошти аҳамияти бузурги ҳадафи мазкур имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла дар вилояти Суғд аз ҷониби сармоягузорони ватанӣ дар заминаи технологияи муосиру инноватсионӣ коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд карда мешаванд.

Таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди саноат ва шарикии давлат бо бахши хусусӣ боис гардид, ки дар кишвар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи корхонаҳои саноатӣ ба маротиб афзоиш ёбад. Эълони “Солҳои рушди саноат” низ ба ин раванд такони ҷиддӣ бахшид.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1444
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1349
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1444
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9369
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:24718
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:71451
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8082421

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?