12 Сентябр 2024
Имрӯз, 12.09.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон Ситоди Обуна-2025 баргузор гардид. Дар кори Ситод ҳайати Ситоди шаҳрӣ ва роҳбарони муассисаву ташкилотҳо иштирок намуданд.
Зикр карда шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани нақши матбуоти даврӣ дар ҳаёти ҳамъиятию сиёсӣ, таъмини фазои иттилоотӣ ва ташвиқу тарғиби васеи сиёсати дохиливу хориҳии давлат ва Ҳукумати Ҳумҳурии Тоҳикистон қарори Раиси вилояти Суғд аз 05.08.2024, № 201 «Дар бораи муташаккилона гузаронидани маъракаи қабули обуна ба рӯзномаю маҳаллаҳои ҳумҳуриявӣ ва вилоятӣ барои соли 2025” ба тасвиб расид.
Тибқи қарори Раиси вилояти Суғд қарори дахлдори Раиси шаҳри Гулистон аз 13-уми августи соли 2024, №267 ба тасвиб расид. Мутобиқи қарори мазкур ҳайати ситоди шаҳрии «Обуна-2025», рӯйхати тақсимоти обуна ва меъёри обуна муқаррар карда шуд. Бо мақсади обунашавии муташаккилона ва саривақтӣ ба рӯзномаву маҳаллаҳои даврӣ ба унвони корхонаву муассисаҳо, ташкилоту идораҳо аз санаи 16-уми августи соли 2024, №1276-01/05 мактуб ирсол гардида, барои иҳрои меъёри нишондодашудаи обуна муҳлати муайян муқаррар карда шуд.
Сипас, мутахассиси татбиқи занбон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев доир ба ҷараёни обунашваӣ ба рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ гузориш дод.
Масъулин вобаста гардиданд, ки дар муҳлати муайянгардида ҷиҳати иҷрои нақшаи Обуна-2025 корбарӣ намуда, аз натиҷаи корҳо ҳар даҳрӯза ба унвони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маълумоти хаттӣ ирсол намоянд.