12 Октябр 2024
Субҳи имрӯз, 12.10.2024 дар майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди МИҲД шаҳри Гулистон бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонону наврасон ва сокинон машқҳои пагоҳирӯзӣ доир гардид.
Ин тадбир дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо мақсади амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба амалигардонии “Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2022-2026” ба роҳ монда шуд.
Лозим ба зикр аст, ки ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳои он дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, варзишгоҳҳои марказӣ, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, майдони Парчами давлатӣ ва дар назди ташкилоту муассисаҳо мунтазам баргузор гардида истодааст.