23 Октябр 2024
Бо мақсади иҷроии Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2024, №136 тасдиқ гардидааст санаи 22.10.2024 дар қаҳвахонаи “Марям” дар шаҳр даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Хушдомани беҳтарин” ва “Фарзанд-боғи падару модар” баргузор карда шуд.
Муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон зимни ифтитоҳи чорабинӣ зикр намуд, ки озмуни мазкур бо мақсади таҳкими ниҳоди оила ва тақвияти масъулиятнокии падару модар ва фарзандон дар муносибати оилавӣ, густариши фарҳанги оиладорӣ, муносибати хушдоман бо келин, нақши оила дар тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстию меҳнатпарастӣ, коҳиш додани раванди таъсиррасониҳои омилҳои доғи рӯз б амуносибатҳои оиладорӣ, коҳиш додани шумораи бекоршавии ақди никоҳ ва бесарпаноҳ мондани фарзандон, солим, пойдор ва устувор нигоҳ доштани оилаҳо, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак ва омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва ҳидояти онҳо ба нигоҳубин ва парастории волидайн роҳандозӣ гардидааст.
Озмун аз рӯйи талаботҳои муқарраргардидаи низомнома баргузор карда шуд. Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳамакомни озмун ғолибон муайян гардида бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.