26 Октябр 2024
Санаи 24.10.2024 дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҳамоиш таҳти унвони “Хизмати ин Ватан агар, ман накунам, кӣ мекунад?!” баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мухтор Толибзода, муттахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Умарҷон Ҳабибуллоев, иштирокчиёни муҳорибаи сохти Конститутсионӣ Пӯлотов Зарифҷон ва Қиёмов Садриддин , сарбозон аз қисми низомии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Б. Ғафуров, ҷавонон аз коллеҷи тиббии шаҳр, муҳассилини синҳои болоии гимназияи № 1, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1, № 14, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва ҷавонони синни даъватӣ иштирок доштанд.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода зимни суханронӣ зикр дошт, ки ҳифзи Ватан яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як ҷавонмард мебошад. Аҷдодони мо ин ҳуввияти миллиро ҳамеша дар худ тарғибу ташвиқ менамуданд ва барои озодӣ ва ҳифзи истиқлоли давлатӣ ҷони худро дареғ надоштанд. Нишонаи ҷавонмардию ҳимоятгарӣ аз ниёгон ба мо мерос буда, муқаддас будани Ватанро аҷдодони мо аз хурдсолӣ ба мо омӯзонидаанд, ки он дар хуни мо ҷорист. Мо бояд Ватанамонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, мисли гавҳараки чашм нигоҳ дорем.
Баромадкунандагон перомуни мавзӯи дар боло зикргардида баромад намуда, таъкид доштанд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизмати ҷавонон тамоми шароитҳоро дар сатҳи зарурӣ қарор додааст. Хизмат ба Ватан мактаби шарафу номус, мардонагию шуҷоатмандӣ барои ҳар шаҳрванд буда, маҳз обу тоби бадан ва ҳамчун шинохташавии мард аз ҳамин мактаб ибтидо мегирад. Ҷавонон дар ҳама давру замон ҳимоятгари Ватан ва марзу буми он буданд ва барои ҳимояи ҳар як кафи хоки диёр мардонавор истодагарӣ намуда, хоки аҷдодиро аз ҳамлаи душманон дифоъ намудаанд. Ватанро азиз дониста, ҳимоят кардан, ба муқаддасоташ арҷ гузоштан ва дар навбати худ ободу шукуфо гардонидани он вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як инсон мебошад. Мо , шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки барои ҳифзи амнияту оромии мамлакати соҳибистиқлол ҳама якдилона талош кунем.
Аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар васфи “Ватан, Тоҷикистон, Хизмат ба Ватан” шеъру андарзҳо қироат намуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш ба ҷавонони тозаинтихоби ҳизб шаҳодатномаи ҲХДТ, ба сарбозоне, ки хизмати Ватанро софдилонаву содиқона иҷро намуда истодаанд, арзи сипос баён гардида, чун арзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба хизматҳои онҳо ба волидайни онҳо барои тарбия намудани фарзанди худ дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ, интизоми намунавӣ ва ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизмати ҳарбӣ Раҳматномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ва туҳфаи хотиравӣ супорида шуд.
Ҳадафи баргузории ҳамоиш - аксия дар ҷавонон бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳм гузоштан дар ҳифзи марзу буми кишвар ба ҳисоб рафта, ба ин васила мо метавонем, ҷавононро ба меҳанпарастию хештаншиносӣ ҳидоят намоем.