02 Ноябр 2024
Санаи 01.11.2024 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ғолиби даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" Шамсия Рофиеава, хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳраки Сирдарёро бо ҳамроҳии омӯзгор ва модараш қадрдонӣ намуд.
Лозим ба зикр аст, ки 30 октябри соли равон дар Театри давлатии академиии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои таълимӣ, иштирокчиёни озмун, волидайни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ВАО иштирок намуданд.
Дар оғоз раиси комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ суханронӣ намуда таъкид кард, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» соли чорум аст таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳақиқон ва устодону омӯзгорон баргузор гардида истодааст.
Дар ин росто баргузории ҳамасолаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» саҳифаи нав дар раванди эҳё намудани анъанаи аҷдодии миллати мо мебошад, ки ба инсоният силсилаи нобиғаҳоро дода, сатҳи донишандӯзӣ, таҳқиқот ва дар умум илми тоҷикро то ба садри илми ҷаҳонӣ бароварданд.
Имсол озмуни мазкур аз рӯи 7 номинатсия - “Математика”, «Физика ва астрономия», «Химия», “Биология”, «География», “Технологияи иттилоотӣ”, “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”, байни донишҷӯёни муассисаҳои миёна ва олии касбӣ, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умҶумии (МТМУ) типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва МП), Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” байни ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон аз рӯи ихтисос, докторантони хабилитат ва унвонҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таъдимӣ, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид.
Инчунин, омӯзгороне, ки дар омода намудани шогирдонашон саҳм гузоштаанд бо ифтихоронма ва мукофотпулӣ қадршиносӣ гардиданд. Дар ин росто падару модароне, ки фарзандонашон дар озмуни мазкур иштирок намуда ҷойҳои муайянро ишғол намудаанд бо нишони “Маърифатпарвар” ва ифтихорномаҳо қадршиносӣ гардиданд.
Аз шаҳри Гулистон ду нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар даври ниҳоии озмун фаъолона иштирок намуданд. Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун Рофиева Шамсия дар номинатсияи география байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар сазовори ҷойи дуюм гардида, бо диплом ва ҷоизаи пулӣ ба ҳаҷми 25000 сомонӣ, омӯзгори раҳнамояш бо Ифтихорнома ва 10000 сомонӣ ва модараш бо ифтихорнома ва нишони "Маърифатпарвар" қадрдонӣ гардиданд.
Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода хонанда, омӯзгор ва модарашро бо ин дастоварди арзанда самимона муборак бод гуфт. Зикр гардид, ки ин иқдомҳои пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии насли ҷавон, рӯй овардани онҳо ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва рушди соҳаи илму маориф мебошад.
Ба мудири шуъбаи маориф, директори муассисаи таълимӣ низ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани даврҳои якум ва дуюми озмун ва ба даст овардани натиҷаҳои арзишманд изҳори сипос карда шуд.
Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки дар дигар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ барои даст ёфтан ба дастовардҳои арзанда омодагӣ ва назорати ҳамаҷониба бурда шавад.