Матни равон

Санаи 23.11.2024 дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.

Нахуст, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Ҳакимҷон Ҳакимзода паёми табрикии Раиси вилояти Суғдо ба самъи иштирокичён расонид.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода зимни суханронӣ ҳамагонро ба ин муносибат муборакбод гуфт. Ҳамчунин афзуд, ки Парчами миллӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар миллат, рамзи ҳувият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои як сарзамин мебошад. Парчами миллӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Ҳусни ин симо, наҷобати ин симо, мазмуну мароми ин симоро нишон медиҳад.

Сиву ду сол аст, ки дар тамоми гўшаи дунё Тоҷикистони соҳибистиқлолро оламиён аз парафшонии Парчами давлатиаш мешиносанд.

Парчам аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддаси ҳар миллату давлат будааст ва ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷонсупориҳо кардаанд.

Хушбахтона, ба шарофати истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон гардиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ ин нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст».

Ҳама дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар хориҷи он бо афрохтани Парчами давлатӣ муаррифӣ гардида, мардуми хирадманду заҳматқарини кишварамон дурнамои зиндагии худро бо нури ҳаётбахш ва раҳнамоии муқаддасоти миллӣ – Парчами давлатӣ эҳсос менамоянд. Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рўҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Дар ҳудуди шаҳр ба ифтихори ҷашни бошукўҳи миллӣ дар доираи чорабиниҳои 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳр майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашни Наврўзи соли 2019 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, Парчами давлатӣ дар баландии 50 метр афрохта шуд. Ин арҷгузорӣ ба ифтихори яке аз рамзҳои муқаддасамон – Парчами давлатӣ мебошад.

Сипас, санъткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини фарҳангиро манзури иштирокчиён намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:231
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1396
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2928
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17661
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:44592
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:57438
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8203347

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?