Матни равон

Имрўз 12.12.2024 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Гулистон чорабинии мудофиаи ҳудудӣ ва сафарбарӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони мақомоти низомӣ инчунин мардони дар ҳайати захирабуда дар маҷмуъ беш аз 3000 нафар иштироки фаъолона намуданд. Ҳамчунин дар ин чорабинӣ техникаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр низ бароварда шуд.

Аз рафти баргузории ҳамоиш Эмомалӣ Собирзода, генерал–лейтенант, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ- муовини якуми Вазири мудофиаи мамлакат ва Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода шиносоӣ пайдо намуданд.

Эмомалӣ Собирзода, генерал –лейтенант, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми Вазири мудофиаи мамлакат бо кормандони мақомоти низомӣ инчунин шаҳрвандони касбу кори гуногуни дар ҳайати захирабуда суҳбати озоду ошкоро намуд.

Дар маросими ҷамъбастии чорабинии мудофиаи ҳудудӣ ва сафарбарӣ Эмомалӣ Собирзода, генерал –лейтенант, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раъно Ҳошимзода, Раиси шаҳри Гулистон суханронӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки зери Парчами миллии худ муттаҳид шуда, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намоянд ва кишвари маҳбубамонро ба марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонанд. Дастоварди бузургтарини мо дар замони истиқлоли давлатӣ сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки мо ба ин неъмати зиндагибахш бо баҳои бисёр гарон ва заҳмати ниҳоят зиёд муяссар гардидем. Бинобар ин, қарзи инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки ин неъмати бузургро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз кунем.

Зикр гардид, ки аз вартаи нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон, аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллати тоҷик, таъмин намудани сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди мо дар замони Истиқлолият аст. Зеро омолу орзуи таърихии миллати тоҷик ва ҳадафу ормонҳои имрӯзу фардои он танҳо дар шароити сулҳу оромӣ, Ватани озод ва давлати соҳибихтиёр амалӣ шуда метавонанд.

Иттилоъ дода шуд, ки Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди имкониятҳои ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуд ва ин равандро имрӯз низ идома дода истодааст.

Бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан, яъне афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар айёми ниҳоят душвор ва барои мардуми кишвар тақдирсоз сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ барқарор гардида, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Яъне афсарону сарбозони ватандӯст ва бонангу номуси мо дар давраи бисёр мураккабу вазнин вазифаи таърихии худро дар назди Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон содиқона ва ҷавонмардона иҷро карданд.

Таъкид шуд, ки баргузории чунин маъракаи умумимиллӣ дар шароити ниҳоят ҳассоси минтақа ва ҷаҳони имрӯза рўйи кор омад ва бешубҳа иқтидор, тавоноӣ ва аз ҳама муҳим якдилию якмаромӣ ва сарҷамъии шаҳрвандонро алайҳи ҳамагуна таҳдиду зуҳуррот собит сохт. Маълум гардид, ки ҳифз кардани амнияти халқи тоҷик ва давлати тоҷикон, фазои ороми сиёсиву ҷамъиятӣ, яъне сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат барои давлатдории мо аҳамияти аввалиндараҷа ва сарнавиштсоз дорад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳайати шахсӣ ва захиравии Қувваҳои Мусаллаҳ минбаъд низ рисолати муқаддас ва қарзи ҷавонмардии худ – ҳифзи амнияти давлату ҷомеа, зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистонро бо интизоми намунавӣ, донишу малакаи муосир, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, иродаи мустаҳкам, садоқат ба Ватан, давлат, халқи мамлакат ва касби бошарафи хеш сарбаландона иҷро менамоянд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1119
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1952
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4783
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11751
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:26707
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8236219

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?