05 Январ 2025
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон баргузор шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот бо фаъолони шаҳр иброз дошт, ки бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2025 Ҳошимзода Раъно Ҳошим бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Гулистон озод шуда, Пӯлотзода Илҳом Пӯлот иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон таъин гардид.
Раиси вилоят аз хизматҳои Ҳошимзода Раъно Ҳошим дар рушди хоҷагии халқи шаҳри Гулистон ёдовар шуда, барои хизматҳои назаррасаш ба ӯ изҳори сипос намуда, ба корҳои минбаъдааш барору комёбиҳо орзу кард.
Тавре таъкид гардид, Пӯлотзода Илҳом Пӯлот аз кадрҳои ҷавону болаёқат буда, то лаҳзае иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон таъин шуданаш дар вазифаи сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд кор мекард.
Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳр барои иҷрои саривақтии супоришҳои Ҳукумати мамлакат, таъмини рушди соҳаи саноат, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти шаҳр, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ, дастгирии доимии қишри ниёзманди ҷомеа, ҳали саривақтии мушкилоти мавҷуда дастурҳои мушаххас дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд