11 Январ 2025
Санаи 11.01.2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои солонаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр баргузор карда шуд.
Дар маҷлиси фаъолон роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимяити давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода иштирок доштанд.
Ҳамчунин, муовинон ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони корхонаҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр иштирок намуданд.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода кори ҷаласаро ифтитоҳ намуд.
Доир ба натиҷаҳои солонаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода маърӯза намуд.
Зикр карда шуд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои ҳадафманд ва чорабиниҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, дар соли 2024 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 283,4 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 100,3 фоизи иҷрои нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 752,4 миллион сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 81,99 миллион сомонӣ буда, 85,8 миллион сомонӣ ё ин ки 104,7 фоиз ба иҷро расонида шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 3,4 миллион сомонӣ зиёд маблағ ворид гардид.
Корхонаҳои саноатии шаҳр дар соли 2024 ба маблағи 3 миллиарду 741 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои амалкунанда 94,0% фоиз мебошад. Аз ин 95,5%-и ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ба корхонаҳои саноатӣ тааллуқ дошта, 4,5 фоизи он ба ҳизматрасонии пулакӣ ва ба сектори хусусӣ мансуб аст.
Дар давоми соли 2024 ба иқтисодиёти шаҳри Гулистон 913,6 миллион сомонӣ сармоягузорӣ тадбиқ шудааст, ки аз он 775,0 миллион сомонӣ сармоягузории хориҷӣ ва 138,6 миллион сомонӣ сармоягузории дохилӣ мебошад.
Муштариёни шаҳри Гулистон дар соли 2024 ба маблаѓи 155,1 миллион сомонӣ қувваи барқ истифода намудан, дар ин давра 147,1 миллион сомонӣ пардохт намудаанд, ки ин нишондиҳанда 94,8 фоизро ташкил медиҳад.
Варзишгарони шаҳр дар давоми сол дар 16 мусобиқаи дохилимактабӣ – бо гирифтани 425 медал, 19 мусобиқаи шаҳрӣ бо гирифтани 556 медал, 5 мусобиқаи вилоятӣ 18 медал, 2 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ 3 медал ва 2 чемпионати ҷумҳуриявӣ бо гирифтани 4 медал мушарраф гардиданд. Дар маҷмўъ варзишгарон давоми соли ҷорӣ соҳиби 1006 медал гардиданд.
Дар соли сипаригардида 2190 меҳмони хориҷӣ ва 30294истироҳаткунандагони дохилӣ ба осоишгоҳу меҳмонхонаҳои шаҳр ташриф оварданд, ки дар маҷмуъ 33114 нафар истироҳат намуданд, ки 100,0 фоизро дар бар мегирад.
Ҳамчунин, доир ба дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр низ маълумот дода шуд.
Сипас, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода доир ба натиҷаҳои фаъолияти солона аз мудирони шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони корхонаҳо пурсиш ба амал овард.
Сипас, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари гурӯҳи корӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода доир ба фаъолтяти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатти шаҳр дар соли 2024 изҳори назар намуданд.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода баҳри фаъолияти пурсамару бонизом дар соли 2025 ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.