Матни равон

Санаи 14.01.2025 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода аз фаъолияти як қатор муассисаҳои маркази шаҳр дидан намуд.

Нахуст аз Муассисаи давлатии боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Темурмалик» дидан карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи давлатии боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Темурмалик» 9-уми феврали соли 2022 пас аз таҷдиду азнавсозӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Муассисаи давлатии боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Темурмалик» дар масоҳати 3,2 гектар доман паҳн намуда, баъди навсозӣ шудан шароити истироҳату фароғатро барои сокинону меҳмонони шаҳри Гулистон фароҳам овардааст. Дар доираи корҳои созандагӣ дар масоҳати 20 ҳазор метри мураббаъ корҳои сабзкорӣ анҷом ёфта, роҳравҳои боғ дар масоҳати 8 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш карда шудааст. Ҳамчунин, нишастгоҳҳои наву замонавӣ насб гардида, суҳбаткадаҳо бунёд гардид.

Дар ҳудуди боғ муҷассамаи Темурмалик ва муҷассамаи «Хотира», мавҷуд мебошад. Се фаввора, як шаршара дар ҳудуди боғ ва ҳавзи шиноварӣ барои кӯдакон ба ин мавзеъ ҳусни хоса зам мекунад. Барои равшанкунӣ дар ҳудуди боғ 120 сутунпояи равшанидиҳанда насб гардида, обёрии иншоот пурра таъмин карда шудааст. Дар давоми ду соли фаъолият ҳамарӯза сокинон меҳмонон махсусан дар фаслҳои баҳору тобистону тирамоҳ ба боғ ташриф оварда сайру сайёҳат мекунанд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода барои шинонидани дарахтони ороишӣ дар ҳудуди боғ ва гулу буттаҳо ба масъулин супориш дод.

Сипас, аз беморхонаи марказии шаҳр дидан карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар беморхона 27 табиб ва 121 нафар кормандони миёнаи табиб фаъолият мебаранд. Шумораи катҳои сохтори госпиталии шаҳр 375 адад буда, ба муассисаҳои сохтори госпиталӣ 5585 нафар бемор қабул карда шуд. Иҷрои нақшаи рӯзи катҳо 48,0%-ро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта дар як ҳолат қарор дорад. Беморхонаи марказии шаҳр бо мутахассисони дорои маълумоти олии тиббӣ ва бо назардошти дар синну соли нафақа будан ба 6 табиб эҳтиёҷ дорад.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода барои мунтазам расонидани хизматрасонии баланди тиббӣ ба аҳолӣ, бартараф намудани норасоии табибон аз ҳисоби мутахассисони ботаҷриба, фарогирии бештари аҳолӣ ба ташхису табобат ва содиқона ба иҷро расонидани масъулияти баланди касбӣ супоришҳо дод.

Сипас, аз муассисаи давлатии таълимии томактабии “Баҳор” дидан карда шуд. Муассисаи мазкур 29-уми марти соли 2023 пас аз таҷдиду навсозӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд. иттилоъ дода шуд, ки Кӯдакистони “Баҳор” барои ба таҳсили томактабӣ ва таълиму тарбия фаро гирифтани 240 кӯдак пешбинӣ гардидааст.

Муассисаи томактабӣ аз синфхонаҳои муҷаҳҳази рассомӣ, толори мусиқӣ, рақс, забономузӣ ва ҳуҷраҳои корию фароғатӣ ва тиббӣ иборат мебошад.

Дар муассиса таҳсил бо забони тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда мешавад. Раванди омӯзиши барномаи томактабӣ ба кӯдакон тавассути технологияи муосир сурат мегирад. Бо назардошти шароити муосири таълим, ки бо истифода аз тахтаҳои электронӣ амалӣ карда мешавад, дар маҷмуъ 8 гурӯҳи кӯдакон ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар Кӯдакистони “Баҳор” 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ фаро гирифта шуданд.

Илҳом Пӯлотзода барои ҷалби бештари кӯдакон ба муассиса, тарбияи онҳо дар рӯҳияи баланди миллӣ тавсияҳо дод. Сипас, дар атрофи муассиса дарахтони ороишӣ шинонида шуд.

Баъдан, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода аз маҷмааи “Тоҷикистон ба пеш!!!”-и даромадгоҳи шаҳр дидан намуда, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани ин мавзеъ ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:219
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1463
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8924
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12185
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:27302
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:66589
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8303403

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?