Матни равон

Санаи 15.01.2025 тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон дар қисми ҳарбии 45025 КҲФ МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо сарбозони қисми ҳарбии мазкур доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои муаззами миллат хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсии мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов иштирок ва суханрони намуда таъкид дошт, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28.12.2024 ба Маҷлиси Олии кишвар доир ба тамоми самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвавр ироа гардид, дар воқеъ чун санади раҳнамои миллӣ барои сокинон бахусус ҷавонони кишвар хидмат мекунад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи суханрониҳои хеш доир ба ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ, зиракии сиёсии, амнияти кишвар ва ҷилавгирии ҷавонон аз ҳодисаву воқеаҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ҳарф мезананд. Дар Паёми навбатӣ низ доир ба ин масъала чанд нуктаҳои муҳимро зикр намуданд.

Аз ҷумла зикр карда шуд, ки: “Вазъи ноором ва равандҳои пуртазоду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки пайомадҳои буҳронии сиёсиву иқтисодӣ доранд, ҳамоно боиси нигаронӣ мебошанд. Дар ин ҷода, мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст.

Дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад.”

Ҳамзамон зикр карда шуд, ки: “Дар баробари ин, ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд”

Аз ин лиҳоз, мо ҷавононро месазад, ки корҳоро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоем.

Сарвари давлат низ дар ин маврид дар яке аз суханрониҳояштн таъкиди ба мавқеъ намуда буданд, ки: “Хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд”.

Дар давоми ҳаёт борҳо бо ашхосе рӯ ба рӯ мешавем, ки ба тамоми зуҳурот ва таҳрикҳои зиндагӣ назари бетафовут дошта, дар ҳама холатҳо бетарафиро интихоб мекунанд.

Барои мо — тоҷикон, ки аз бетарафӣ борҳо соҳибихтиёрии халқу давлатро аз даст додаем, дар шароити муосир бетарафӣ бо ҳукми таърих ҳеҷ бахшиданӣ нест. Чун таърих, замона ва воқеияти бениҳоят пуртазод ба миллати решабатаърихи тоҷик имкони зуҳури арзандаи сиёсӣ ва иҷтимоиро муҳайё кардааст, ҳама масъулем, ки атрофи арзишҳои ҳувиятсози Ватан муттаҳид бошем. Замин, ҳаво ва миллат бо таърихи пурҳикмат ва орзую омоли наслҳои гузаштаю имрӯза ва оянда бетарафию хунсардиро дар муносибат ба тақдир нахоҳад бахшид.

Шахси бетараф андешаи солим надорад ва одамонро ба гурўҳҳои хубу бад ҷудо карда наметавонад, зеро ў бо худаш ҳасту эҳсосоти волои инсонӣ, шарафу номус ва виҷдонро дарк карда наметавонад ва агар дарк ҳам кунад, эҳсоси оҷизияш ўро маҷбур месозад, ки бетараф бошад. Имрӯз хидматҳои фарзандони фарзонаи миллат, ҳазорон ҷонбохтагони роҳи озодӣ ва сулҳу осоиштагӣ, ашки чашмони модарони фарзандбохта, хоҳарони дар ҳаҷри падар сӯхта, тифлони орзӯи дидори падар карда, Истиқлолияти давлатии бо арзиши ҷонҳо ба дастоварда, созишномаи истиқрори сулҳу Ваҳдати миллии ба халқ умедбахшида, осмони софу беғубор, шукӯфоии меҳани азиз ва зиндагии осудаи халқ моро намегузорад, ки бетарафиро пеша намоем!

Имрӯз замоне расидааст, ки моҳият ва мақоми андешаи миллии тоҷикон мавриди омӯзиш ва баррасии ҷавонон қарор гирад. Андешаи миллиро ҷавонон бояд ҳамчун шакли тафаккур, маҷмӯи ғояву шуур, унсурҳои ваҳдату ризоият, ҳувият ва ифтихори миллӣ арзёбӣ карда, ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.

Чунки маҷмӯи дастовардҳои маънавӣ, ғояҳо ва арзишҳои миллӣ, ки тоҷиконро дар тӯли асрҳо аз нобудшавӣ раҳо сохта, ба ваҳдату эҳёи Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат намудааст, тараққиёти бемайлони иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии моро фаро мегирад.

Ҳамзамон, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷаҳони муосир бояд восита, роҳҳо ва шаклҳои татбиқи андешаи миллиро дар соҳаи иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг, сиёсат ва амният, ки хусусияти миллӣ ва симои маънавию сиёсии моро нигоҳ медорад, пайдо намуда, тадриҷан он амалӣ сохта шавад. Андешаи миллии тоҷикон аз тамаддуни ориёӣ ва таълимоти Авасто ибтидо гирифта, дар оини деринаи давлатдорӣ ва афкори мутафаккирони давраҳои гуногуни таърихӣ мақоми хоса дорад.

Таркиб, моҳият ва мазмуни андешаи миллиро муҳаббат ва садоқат ба Ватан, ифтихор аз гузаштаи пурифтихор, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият, бунёди ҷомеаи пешрафта ва мутамаддини шаҳрвандӣ ва дар маҷмӯъ ғояи асосии давлати миллиро ташкил медиҳад.

Андешаи миллӣ равандҳои дохилии иттиҳоди миллатро ташаккул дода, ҷавононро ба худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд, ба онҳо рӯҳияи озодихоҳӣ, ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ мебахшад.

Чунончӣ, китоби муқаддаси Авасто ҳар фарди бедордилу худогоҳро даъват намудааст: "Ватани худро муҳофизат намо, манзили худро нигоҳ дор ва халқи худро тарк накун”!.

Насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд аз он шукргузор бошанд, ки дар давлати соҳибистиқлол зиндагӣ, таҳсил ва кор мекунанд, фарзанди миллати сарбаланду соҳибтамаддун ва Ватани ободу мустақил мебошанд. Ин давлати соҳибистиқлол барои имрӯзу ояндаи онҳо ба андозаи имкон шароит муҳайё сохтааст.

Ҳукумати кишвар ба ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳирнамуда, хоҳони он аст, ки ҷавонони имрӯза ва созандагони фардои Ватан баробари омӯхтани забони модарӣ ва илму дониш, азбар намудани забонҳои хориҷӣ, истифодаи моҳиронаи технологияи муосир ва дастовардҳои соҳаи компютерӣ, аз таърихи куҳан, мероси гаронбаҳо ва анъанаҳои пурарзиши фарҳанги миллии тоҷикон огоҳ бошанд ва аз миллати қадимаву сарзамини аҷдодии худ ифтихор намоянд.

Тавре ки дар Паём низ зикр гардид “ Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд.”

Пешвои муаззами миллат, дар Паёми навбатии худ бори дигар иброз доштанд, ки: “Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем.

Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад.

Бовар дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд.”

Ин бовари ва ғамхориҳои Сарвари давлат бори дигар мо ҷавононро водор месозад, ки дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок намуда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз беш аз пеш саҳмгузор бошем.

Зеро мо дар асри пешрафти бесобиқаи илму технологияҳо, яъне дар асре, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёт тавассути саводу дониш ва илму технологияҳо идора карда мешаванд, қарор дорем.

Барои ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан, ҷавононро месазад, ки ба омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ дақиқ, омӯзишӣ забонҳои хориҷӣ ва аз худ кардани касбу ҳунар диққати хоса зоҳир намоянд.

Ин роҳ ҷавононро ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамо месозад ва имкон намедиҳад, ки онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ҳамроҳ гардида ба амалҳои ғайриинсонӣ даст зананд. Дар ин баробар ҷавононро лозим аст, ки аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар босамар истифода намуда, баҳри рӯзгори осоишта ва ободу зебо гардонидани Ватани азизи худ кӯшиш намоянд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:227
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1463
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8932
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12185
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:27310
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:66589
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8303411

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?