31 Январ 2025
Дар шаҳри Гулистон тадбирҳои марбут ба шинонидани ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишию мавсимӣ дар меҳвари фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад.
Ин тадбири муҳими экологӣ асосан бо ташкили ҳашарҳои дастҷамъона вусъат ёфта, дар назар аст, ки соли равон дар кӯчаю хиёбонҳо ва мавзеҳои алоҳидаи шаҳр наздики 9 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шавад.
28 январ чунин як маъракаи дастҷамъона дар доираи ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ дар маҳаллаи Соҳил, гардиши осоишгоҳи “Баҳористон” баргузор гарид.
Дар ин тадбири муҳим, ки барои беҳдошти вазъи экологӣ заминаи асосӣ ба ҳисоб меравад, бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарияти шаҳр ва шумораи зиёди сокинони касбу кори гуногун бештар аз 600 бех ниҳоли дарахтони ороишиву ҳамешасабз шинонида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз дар марказ ва 5 ҷамоати шаҳраки шаҳри Гулистон бо саҳми мақомоти маҳал ва бахши ҳифзи муҳити зист бештар аз 3 ҳазор ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд ва ин иқдом дар асоси иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» идома меёбад.