31 Январ 2025
Санаи 29.01.2025 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода аз ҷараёни фаъолияти истеҳсолии фабрикаи заршӯии Ҷамъияти муштараки "Апрелевка" ва ҶСК "Равшан" дар шаҳраки Консой дидан намуд.
Нахуст аз фабрикаи заршӯӣ дидан карда шуд. Муовини директори генералии ҶМТКММ "Апрелевка" Баҳодур Маҷидов иттилоъ дод, ки ба коргоҳ таҷҳизоти ҳозиразамон ворид гардида, дар хатти ишқоронӣ, хатти санг майдакунӣ, сехи нуқра дигаргуниҳо ворид карда мешавад. Дар коргоҳи заргарӣ Илҳом Пӯлотзода бо намунаи корҳои заргарии корхона низ шинос гардид.
Ҳамчунин, аз коргоҳи дӯзандагии ҶСК "Равшан" дидан карда шуд. Дар коргоҳи мазкур 40 нафар бонувони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошанд.
Дар Ҷамъияти муштараки "Апрелевка" беш аз 850 нафар ба кор машғул мебошанд. Музди миёнаи маош дар корхона 3655 сомониро ташкил медиҳад.
Лозим ба зикр аст, ки дар шаҳри Душанбе низ филиали корхона бо номи "Зари тоҷик" фаъолият мебарад, ки дар он 50 нафар ба кори доимӣ машғуланд, ки бо истифода аз ҳунарҳои милливу мардумӣ ҷавоҳироти гуногун истеҳсол менамоянд.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ба фаъолияти истеҳсолии коргоҳҳо баҳои баланд дода, барои иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ дар соли ҷорӣ ва бо истифода аз иқтидорҳои мавҷуда боз ҳам беҳ гардонидани иқтидори истеҳсолии коргоҳҳо тавсияҳо дод.