Матни равон

Санаи 07.02.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи корӣ доир ба иҷрои Қарори Раиси вилояти Суғд таҳти №331 аз 06 декабри соли 2024 ва қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 29 ноябри соли 2024, №311 «Дар бораи гузаронидани омўзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1998-2007 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати баҳории соли 2025» баргузор гардид.

Дар ҷаласаи корӣ муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоати шаҳракҳо, маҳаллаҳо ва масъулини комиссариати ҳарбии шаҳр иштирок намуданд.

Дар кори ҷаласа ду масъала мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд: 1)Рафти иҷрои қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 29 ноябри соли 2024, №311 «Дар бораи гузаронидани омўзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1998-2007 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати баҳории соли 2025». 2) Вазъи корҳои омодагӣ ва вазифагузорӣ барои даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вобаста ба мавзуи якуми рӯзнома оид ба рафти иҷрои қарори Раиси шаҳр аз 29 ноябри соли 2024, №311 «Дар бораи гузаронидани омўзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1998-2007 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати баҳории соли 2025 раиси комиссияи баҳории даъват, муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон ҳисобот манзур намуд.

Ҳамчунин, комиссари ҳарбии шаҳр Хайрулло Сатторзода доир ба ҳолати омодагии сафарбарӣ маълумот дод.

Сипас, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр аз як қатор масъулин доир ба ҳолати омодагӣ ба сафарбарномии даъватшавандагон ба Сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар даъвати баҳории соли 2025 пурсиш намуд.

Инчунин, доир ба тақияти кори Комиссияи баҳории даъват ба масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаи даъват супоришҳои мушаххас дода шуд.

Таъкид гардид, ки тадбирҳои мушаххаси дар боло зикр гардида, ба мо имконият фароҳам меоваранд, ки дар оянда фаъолияти Комиссияро ба таври бояду шояд ба роҳ монда, нақшаи даъвати баҳориро дар муҳлати пешбинишуда иҷро намоем.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:834
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2224
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10264
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12509
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:39235
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68472
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8383808

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?