06 Март 2025
Модарон, бонувон ва хоҳарони арҷманд!
Ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рўзи модар дар Тоҷикистон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди шумо - модарони азиз, дар ҷомеаи мо мебошад. Ҳамаи шуморо дар ин рӯзи мубораку хуҷаста, ки ба оғози зеботарин фасли сол – баҳори гулбасар ва арафаи бузургтарин ҷашни миллиамон – Наврӯзи оламафрӯз баробар омадааст, самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори босаодат орзу менамоям.
Модар сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт буда, нуру зиёи олам ва гармии зиндагӣ аз ӯ мебошад. Модар шахси муқаддасест, ки бо шири покаш ва бо меҳрубонии ба худаш хос дар қалби тифли худ хислатҳои неки инсониро парвариш карда, ӯро ба шоҳроҳи зиндагӣ раҳнамоӣ месозад.
Дар ин росто, ҳар як фарди тарбиятдидаву оқил тамоми умри худро бо ҳастии модар пайванд медонад, ӯро дӯст медорад ва ранҷу азияти кашидаи модарро то лаҳзаи охирини ҳаёт қадршиносиву посдорӣ менамояд. Модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон аст.
Бо шарофати сиёсати фардосози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан-модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳо фароҳам оварда шуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи тадбирҳои мушаххасро бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо, густариши фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ, ҳалли масъалаҳои демографӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда амалӣ гардонида истодааст. Ҳуқуқҳои занон қисми таркибии ҳуқуқҳои умумии инсон мебошанд. Фароҳам овардани шароит барои иштироки ҳамаҷониба ва баробарии занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ иброз доштаанд: “Давлате, ки нисбат ба модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ, бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад”. Вобаста ба ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати иҷтимоии худ бо мақсади ҳалли бисёр масъалаҳои марбут ба ҳаёти занон як қатор барномаҳои муҳими давлатиро амалӣ намуд, ки барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа нақши босазо доранд.
Дар баробари ин, мавқеи зан-модар дар рушди иҷтимоиёт ва иқтисоду фарҳанги мамлакат таҳким ёфта, барои истифодаи неруи ватанхоҳиву бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор гузошта шуд. Дар натиҷа барои модари тоҷик майдони матонату ҷасорат, далериву шуҷоат ва ғайрату некномӣ муҳайё гардид.
Имрӯзҳо модарони сарбаланди шаҳрамон баробари мардон номуси ватандориро ба дўши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат садоқатмандона фаъолият доранд.
Итминон дорам, ки бонувони шаҳри Гулистон масъулияти азалии худро ба ҷо оварда, бо фазлу ҳикмат ва бо меҳру муҳаббат ҷомеаи моро бо ҳама эҳсосоти пок ва ҳаётбахш саршор мегардонанд.
Ид муборак, модарон ва хоҳарони азиз!