16 Март 2025
Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ санаи 14.03.2025 дар "Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи "Темурмалик" бо иштироки кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр чорабинии фарҳангӣ ва бозиҳои миллӣ баргузор гардид.
Мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр Матлуба Сатторова зикр намуд, ки Иди Наврӯз, ки имрӯзҳо дар диёри биҳиштосои мо таҷлил мегардад, васлгари дирӯзу имрӯз, ҳимоятгари суннатҳои волои ниёгон, решапайванди наслҳо, бозгашт ба асли хеш ва эҳёи беҳтарин расму ойин ва анъанаҳои миллиамон мебошад.
Наврӯз барои миллати мо чун соли нави аҷдодӣ ва иди баҳор арзиши бузург дошта, боиси ифтихору сарбаландии ҳар як фарди ватандӯсти Тоҷикистон мебошад. Дар ҳама давру замон мардуми соҳибтамаддуни тоҷик иди Наврӯзро дар баробари дигар халқҳои ориёӣ бо рӯҳбаландӣ истиқбол менамуд.
Дар ҳақиқат Наврӯз иди бузургтарини миллӣ ба шумор рафта, ҳамчун дақиқтарин шинохти гардиши офтоб, баробарии шабу рӯз, дарки тағйирёбии табиат, фарорасии фасли баҳору айёми шукуфоӣ ва посдории инсону табиат мақому мартабаи баланд дорад. Аҳли фарҳангчиёни шаҳр бо суруду таронаҳои ҷаззоб ва ромишгарон бо созу наво чорабиниро рангин намуданд, гулдухтарони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ бо рақсҳои мавзун ва ҳунармандон бо нишон додани ҳунари волои худ ба чорабинӣ шукуҳ бахшиданд.
Ҳамчунин дар чорабинӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон навъҳои гуногуни бозиҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуд.