16 Март 2025
Таҳти ҳамин унвон санаи 15-уми марти соли 2025 бо дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз ҷониби шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии сардори шуъда Одиназода Шодӣ Лоҳутшо ва ҳайати кормандон дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи "Темурмалик"-и шаҳри Гулистон ниҳолҳои ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки маъракаи ниҳолшинони ҳамасола дар партави сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сабзгардонии кишвари азизамон роҳандозӣ гардида, дар ин радиф корҳои ободониву бунёдкорӣ, созандагиву хуррамгардонӣ, ҳашарҳои дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ баргузор карда мешаванд.
Дар шаҳри Гулистон маъракаи ниҳолшинонӣ идома дорад.