22 Март 2025
Имрӯз, 22.03.2025 дар майдони Парчами давлатӣ дар шаҳри Гулистон чорабинии тантанавии идона ба муносибаи таҷлили пуршукӯҳи Иди баййналмилалии Наврӯз баргузор карда шуд.
Дар чорабинии идона намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода иштирок намуданд.
Нахуст намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода сокинони шаҳри Гулистонро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфт.
Муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи иштирокдорони чорабинии идона расонид.
Сипас, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода сокинони шаҳрро ба муносибати љашни фархундаи Наврўзи байналмилал таҳният гуфт.
Зикр карда шуд, ки Ҷашни Наврўз, ки имрўзҳо дар диёри биҳиштосои мо таҷлил мегардад, васлгари дирўзу имрўз, ҳимоятгари суннатҳои волои ниёгон, решапайванди наслҳо, бозгашт ба асли хеш ва эҳёи беҳтарин расму ойин ва анъанаҳои миллиамон мебошад.
Тавассути Истиқлоли давлатӣ, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз файзу баркати хосаи иди бузургтарини аҷдодӣ ва миллӣ шукўҳу шаҳомати тоза пайдо намуда, он ба густариши оинҳои Наврўзи Аҷам мусоидат карда, барои такомули худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандўстиву ташаккули маънавият такони нерубахши худро эҳдо кардааст.
Шонздаҳ сол муқаддам дар ҷаласаи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба «Рўзи байналхалқии Наврўз» эълон намудани 21–уми март зимни ташаббуси як силсила давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки меросгирӣ ҷашн аст бо ҳамовозии якдилона қатънома пазируфта шуд. Барҳақ, Наврўзи байналмилалӣ рамзи ҳувияти миллӣ ва истиқлолияти давлати мо гардидааст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷойгоҳ ва арзиши бузурги Ҷашни байналмилалии Наврӯз чунин зикр намудаанд: “Шояд дар олам мисли Наврӯз кам ҷашне вуҷуд дошта бошад, ки русуми дилчасп ва суннатҳои зиндагисози онро миллату халқҳои дигари олам чун дастоварди беназири фарҳангӣ пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷики таҷлил намоянд. Наврӯз асолатан ибтидои корҳои наҷибу азму иродаи тоза, ҷашни парвариши рӯҳ ва афкори солим, пиндору кирдору рафтори нек аст”.
Аз рўи анъана мардуми тоҷик дар арафаи ҷашни Наврўз ботини худро аз кинаву кудурат ва андешаҳои носолим пок карда, манзилу хонаи зист, сару либос ва тамоми ашёи рўзгорашонро тозаю ороста менамоянд. Муҳимаш мардуми мо дар ҷашни Наврўз бо меҳру шафқат сўи якдигар оғўш мекушоянд, ба аёдати пирону барҷомондаҳо мераванд, дасти ятимону бепарасторонро мегиранд ва саховату ҷавонмардиро вазифаи муқаддасу қарзи инсонии хеш мешуморанд.
Изҳори итминон карда шуд, ки саховатмандону соҳибкорони шаҳри Гулистон анъанаи неки ниёгонамонро идома бахшида, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату муҳтоҷон ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯзи хуҷастапай дасти кумак дароз мекунанд.
Сипас, корхонаву ташкилотҳое, ки дар чорабиниҳои наврӯзӣ фаъолона иштирок намуданд бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ гардиданд.
Дар қисми фарҳангии чорабинӣ санъаткорони маҳбуб аз ҷумҳурӣ вилоят ва шаҳр бо сурудҳои диланишину ҷаззобу руҳнавоз ба чорабинии идонаи шаҳрӣ шукуҳу шаҳомати воло бахшиданд.