Матни равон

Имрӯз, 22.03.2025 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, комиссари ҳарбии шаҳр Хайрулло Сатторозода ба  қисми ҳарбӣ 07746-и Маркази таълимии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ташриф оварда сарбозону афсаронро ба муносибати Ҷашни Наврӯз муборакбод гуфтанд.

Нахуст муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ паёми табрикотии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи сарбозон расонид.
Сипас, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода сарбозону афсаронро ба муносибати Наврӯзи оламафрӯз муборакбод гуфта, ба онҳо тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ ва хизмати содиқона ба Ватанро таманно намуд.

Ба сарзамини соҳибистиқлоли мо боз иди мубораку файзбахши баҳор ва ҷашни қадимтарину зеботарини аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯзи байналмилалӣ қадами мубораку зиндагисози худро гузошт. Наврӯз барои миллати мо чун соли нави аҷдодӣ ва иди баҳор арзиши бузург дошта, боиси ифтихору сарбаландии ҳар як фарди ватандӯсти Тоҷикистон мебошад. Дар ҳама давру замон мардуми соҳибтамаддуни тоҷик иди Наврӯзро дар баробари дигар халқҳои ориёӣ бо рӯҳбаландӣ истиқбол менамуд. Дар ҳақиқат Наврӯз иди бузургтарини миллӣ ба шумор рафта, ҳамчун дақиқтарин шинохти гардиши офтоб, баробарии шабу рӯз, дарки тағйирёбии табиат, фарорасии фасли баҳору айёми шукуфоӣ ва посдории инсону табиат мақому мартабаи баланд дорад.
Дар ин рӯз барои сарбозон дастархони идона ороста шуд. Аз ҷониби модарони шаҳраки Чоруқдаррон барои сарбозон дастпухтҳои нониву қаннодӣ пешниҳод карда шуд.
Ҳамчунин, аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барои болидарӯҳии сарбозон барномаи фарҳангӣ манзур карда шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:504
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1230
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3585
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:20189
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:91818
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:64781
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8501172

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?