31 Март 2025
31 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони олиқадри тантанаҳои наврӯзӣ муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба маҷмааи қалъаи Хуҷанд ташриф оварда, бо иншооти муҳташами фарҳангӣ ва намоиши маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик, қирғиз ва узбек шинос шуданд.
Дар даромадгоҳи қалъа меҳмононро гурӯҳи кӯдакон бо намоиши бозиҳои гуногуни варзишӣ, ки хоси ҷашни Наврӯз мебошад, истиқбол гирифтанд.
Баробари расидани сарони кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон ба қалъа гурӯҳи карнайнавозон ва дойразанон аз болои растаҳои ҳунармандӣ меҳмононро пешвоз гирифта, фазои дилкушои наврӯзӣ фароҳам намуданд.
Даромадгоҳи Қалъаи Хуҷанд ва ҳам саҳни он бо парчамҳои давлатии се кишвар, аксҳои роҳбарони давлатҳо, шиору овезаҳои тараннумгари дӯстии мардумон ва дигар ороишоти хоси наврӯзӣ зебу зиннат ёфта буд.
Дар назди дарвозаи қалъа бо либосҳои миллӣ ҷавондухтарон бо забонҳои тоҷикӣ, қирғизӣ ва ӯзбекӣ меҳмононро хайрамақдам гуфтанд.
Дар тарафи рости даромадгоҳи наврӯзгоҳ деги калони суманак қарор дошт. Сарони давлатҳо бо кофтани суманак ба ин оини наврӯзӣ арҷгузорӣ намуданд.
Дар саҳни ҳавлии базмгоҳ ҳунармандони се кишвар, ҷавонону кӯдакони хуштолеъ бо либосҳои зебои миллии ҳар се давлат меҳмонони олимақомро самимона истиқбол гирифтанд.
Дар айвонҳои зебову мунаққаши қалъа аҳли санъати се кишвар, мутрибон, аз ҷумла ҷавондухтарони дуторнавоз ва шашмақомсаро бо навозиши фораму дилнишин табъи меҳмононро болида сохтанд.
Саҳни назди даромадгоҳи Осорхонаи таърихии қалъа низ идона оро ёфта буд. Дар даромадгоҳи осорхона роҳбалад меҳмононро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба онҳо нигораҳои нодир ва нақшу нигорро муаррифӣ намуд.
Шиору овезаҳо ва суханҳои ҳикматомези бузургони илму адаби тоҷик ва қирғизу узбек, ки дар он ҷо ба назар мерасид, тараннумгари дӯстию бародарии мардумони се кишвари ҳамсоя аст.
Меҳмонон дар ин ҷо аз чор толори осорхона дидан карда, бо таъриху тамаддуни ғанӣ ва қадимаи мардуми тоҷик ошноӣ пайдо намуданд. Дар яке аз толорҳо тавассути монитор ва пахши навор оид ба таърихи Қалъаи Хуҷанд маълумот дода шуд.
Бояд гуфт, ки асоси ороишоти толорҳои осорхонаро санъати миллии меъмории тоҷик, ба монанди кандакорӣ, наққошӣ, кундалкорӣ, коркарди бадеии чӯб, санг, гачкорӣ ва кошинкорӣ ташкил медиҳад, ки бо маҳорати баланд таҳия шудааст.
Баъди шиносоӣ бо нақшу нигори толорҳои осорхона сарони давлатҳо дар саҳни ҳавлӣ аз намоиши хӯрокҳои миллӣ ва шириниҳо боздид намуданд. Дар ин намоиш ҳафт сину ҳафт шин ва ҳафт мим, намудҳои гуногуни шириниву хӯришҳо ба маъраз гузошта шуд.
Дар даромадгоҳи маҳаллаи ҳунармандон кӯдакон барои пазироии меҳмонони олимақом сурудҳои сияҳгӯшу бойчечак замзама карданд.
Дар ҳар як ҳавлии маҳаллаи қадимаи қалъа намоиши ҳунарҳои миллӣ ва фолклории сокинони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ба назар мерасид.
Меҳмонон аз маҳаллаи ҳунармандон, бахусус, хонаи наққошон ва қолинбофон дидан намуда, бо анъанаҳои ниёгони мардуми тоҷик шинос шуданд. Дар рафти боздид ба сарони давлатҳо оид ба таърих ва пайдоиши ҳар як намуди ҳунарҳои мардумӣ, ки то имрӯз ҳифз шудааст, маълумот дода шуд.
Дар чойхонаи миллӣ иҷрои ҳунари волои кандакорӣ, гачкорӣ, кундалнигорӣ ва наққошии бемисл ба зебоии бино шукӯҳи хос бахшидааст.
Дар растаи таомҳои миллӣ ва нонҳо меҳмонон ба таомҳои миллии тоҷикӣ, қирғизӣ ва узбекӣ, аз ҷумла ба санъати баланди тайёр кардани оши палов таваҷҷуҳ намуда, баъди суҳбат ба ошпазҳо баҳои баланд доданд.
Дар намоишгоҳи калони ҳунармандон, ки аз ҷониби устоҳои гулдаст ва доираҳои гуногуни аҳли фарҳанги давлатҳо таҳия шуда буд, сарони давлатҳо бо намунаҳои мухталифи маҳсули дасти устоҳои чирадаст, косибон ва заргарони Тоҷикистон ва Қирғизистону Узбекистон шинос шуданд.
Барои меҳмонони олимақоми қалъаи Хуҷанд аз ҷониби ҳунармандон, аҳли фарҳанги давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистону Узбекистон намоиши театрӣ таҳти унвони “Меҳрнома” манзур гардид.