10 Апрел 2025
Дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон дар доираи сафари корӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода 2 нафар собиқадорони меҳнат - Холматова Маърифат собиқадори соҳаи тиб,
Мамадиев Қӯзибой собиқадори соҳаи коммуналиро аёдат намуд. Собиқадорон солҳои зиёд дар соҳаҳои зикршуда фаъолияти пурсамари меҳнатӣ намудаанд.
Собиқадорон бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фазои сулҳу суботи кишвар баҳри боз ҳам гул-гулгукуфоии кишвари азизамон дасти дуо бардоштанд.
Ба собиқадорон кумакҳои моддии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.