Матни равон

Ваҳдати миллӣ беҳтарин дастоварди миллати тоҷик дар  таърихи муосири пурмоҷарову пурпечутоби ўст. Истиқлолият, озодӣ он вақт арзише хоҳанд дошт, ки он ҷо ваҳдати миллӣ бошад. Илму дониши мо, фарҳангу ҳунари мо, таърих ва гузаштаи пурифтихори мо танҳо ва танҳо бо иттиҳод, ваҳдати миллӣ арзиш доранд. Агар мо ваҳдати миллӣ надошта бошем, дар ин дунёи  пурмоҷаро ояндаи миллӣ наметавонем дошта бошем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аҳамияти таърихии ваҳдат, ки кафили ҳифзи мардум аз парокандагист ёдовар шудаанд:

«Ваҳдат барои мо як воҷаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сўи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъию хушбахтии имрўзу ояндаи ҳалқамон аст».

Ваҳдати миллӣ бовари мо, сипари мо, зафари мост. Таърих, сарнавишт миллати моро ба ҷое овард, ки охирин умед, охирин дасти наҷотбахши хирад дар канори вартаҳои нестиву ҳалокат ҳамин ваҳдати миллист. Ҳамин гулўлае, ки ҳеҷ путку сандоне наметавонад роҳашро бубаст. Ҳамин ресмони ихлосу имоне, ки чун шарёни ниҳоди мо ҳеҷ боди фалокате онро наметавонад гусаст. Бале, наҷоти мо ваҳдати миллист!

Агар мо аз Ватани азиз ва муқаддаси худ, аз миллати некманиш ва хайртинати худ, аз мавҷудияти дурахшони ў умед дошта бошем, бояд ҳамин дастоварди бебаҳои худро мисли шарафи худ, мисли нангу номуси якдилу якҷон аз сари имон нигаҳбонӣ ва ҳимоят ва дар пояш ҷонфишонӣ кунем. Қалъаи амнияте, ки моро аз ҳама фалокатҳо дар канор хоҳад гирифт, ҳамин ваҳдати миллист. Таҷлили  19-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ дар арафаи омодагиҳо ба ҷашни ҳумоюни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Ҳамбастагии ваҳдат ва истиқлолият тавре Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд:

«Ин ду мафҳум, яъне истиқлолият ва ваҳдат дар ягонагӣ буда, бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд».

Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки сокинони Тоҷикистони азиз, роҳи дуруст-истиқрори сулҳро пеш гирифтанду мо ба ин рўзҳои нек расидем. Боиси ифтихору сарбаландии ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки ин сиёсати созандаро Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир ва омўзанда эътироф кардааст.

Қадами мубораки ин ҷашни маҳбуб ва ормонии миллати мо дар хонадони ҳар яки Шумо файзу баракат ва шодиву фараҳ оварад.

Ҷашни Рўзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамшаҳриёни азиз!

Садақа намудан ба бечорагон, барҷомондагон, наздикон, ятимону маъюбон, оилаҳои бепарастору камбизоат ва дигар ниёзмандон дар ҳамин моҳ савоби бештар дорад.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3402
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1666
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12458
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11751
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:34382
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8243894

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?