23 Июн 2016
Дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон бо иштироки аҳли адаб ва дўстдорони илму фарҳанг ба муносибати 19-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ маҳфили “Адибони ваҳдатсаро” доир гардид.
Маҳфилро мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода ифтитоҳ карда, роҷеъ ба бузургтарин дастоварди миллат – ваҳдату ягонагӣ ҳарф зад. Баъдан намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Ният Ҳаёт, адибони шинохта Муҳаммад Субҳон, Додохони Эгамзод ва Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ, сармуҳаррири нашрияи “Соҳил” Рустамҷон Одизода перомуни саҳифаҳои сабақомўз ва пурарзиши Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон андешаронӣ ва чакидаҳои хомаи хешро манзури ҳузурдоштагон намуданд.
Дар маҳфили “Адибони ваҳдатсаро” нақши созандаи сулҳу Ваҳдат, дар амри таҳким ва такмили рукнҳои давлатдорӣ, ки заминаи зарурии ҳифзи истиқлолияти миллист бағоят муҳим арзёбӣ шуд.