Матни равон

Санаи 30.09.2025 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода аз ҷараёни корҳои бунёдкорӣ, таъмиру азнавсозии маркази саломатии шаҳр ва сохтмони иншоти саноатӣ, аз қабили бунёди корхонаҳои навбунёди саноатӣ дар минтақаи саноатии шаҳр дидан намуд.

Нахуст аз раванди таъмиру азнавсозии маркази саломатии шаҳр дидан карда шуд.Иттилоъ дода шуд, ки маркази саломатии шаҳр дорои бинои 3 ошёна ва иборат аз 116 ҳуҷра мебошад. Бино соли 1989 сохта ба истифода дода шудааст. Дар маркази саломатии шаҳр 19 нафар табиб, 35 нафар ҳамшираи тиб, 9 нафар корманди хурди тиб ва 15 нафар кормандони дигар фаъолият мебаранд. Бино солҳои тулонӣ таъмири куллӣ нагардидааст.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои маркази саломатӣ пурра таъмиру азнавсозӣ гардида, бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.

Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода зимни шиносоӣ аз ҷараёни корҳои таъмирӣ ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд ва дар вақти муқарраршуда ба анҷом расонидани корҳои таъмирӣ ва дастрас намудани таҷҳизоти зарурии тиббӣ дастур дод.

Сипас, аз рафти бунёди корхонаҳои саноатӣ аз ҷумла корхонаҳои ҶДММ "Парандаи заррин", коргоҳи сардхона дар заминаи ҶДММ "Товус" ва коргоҳи аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ бунёд шудаистода дидан карда шуда, доир ба тақвияти корҳои созандагӣ ва дар муҳлати муайяншуда ба итмом расонидани корҳо супоришҳо дод.

Лозим ба зикр аст, ки тибқи нақшаи бунёду азнавсозии иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр 280 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 214 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, ки 76,4%-и нақшаи корҳоро дар ин самт нишон медиҳад.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:360
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3103
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:360
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17912
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:14123
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:79170
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8993356

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?