16 Май 2026
Санаи 15.05.2026 дар толори Кохи фарҳангии "Истиқлол"-и маркази шаҳр тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ - омили муҳими тарбияи ватандӯстии ҷавонон" бо иштироки ҷавонони коллеҷи тиббии шаҳр, муассисаҳои таълимии шаҳр ва ташкилоту идораҳо баргузор гардид.
Дар кори конференсияи муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Фаридуншоҳ Абдуллоев, мудири бахши адабиётшиносии МД "Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ" Исмоил Саидов ва раиси созмони ҷавонони Коллеҷи тиббии шаҳр Рустамҷон Атобоев иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2026 "Соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ" эълон карда шуд ва яке аз ҳадафҳои аслии он баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллии насли наврасу ҷавони кишвар мебошад. Худшиносии миллӣ ин дарк намудани зарурати ваҳдат, якпорчагии обу хок, марзу бум, иттиҳоди мардум, дарки зарурати иттифоқ ва ҳамбастагӣ аст. Аз ин рӯ мо бояд нахуст худшинос бошем, вақте ки худро шинохтем, ки гузаштагони мо кӣ буданду мо кӣ ҳастем худшиносии миллӣ дар мо ташаккул меёбад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд, ки: «Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад».
Таҷрибаи давлатдории халқҳои олам собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа ва рушди озодонаи ҳар як фарди он маҳз ба ҳисси миллии ватандӯстӣ кафолати муҳимтарини бақои миллату давлат вобастагии мустақим дорад. Ҳарчанд худшиносии миллӣ аз гузаштагонамон ба мо мерос монда бошад ҳам, баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави худшиносии миллӣ оғоз гардид.
Ҳар як фарди бонангу номус ва худогоҳи ҷомеа бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки танҳо худшиносиву истиқлолу озодӣ омили муҳимтарини пойдории давлат ва бақои миллат мебошанд ва вазифаи ҳамаи мост, ки ба хотири ҳифзу тақвияти ин муқаддасоти миллӣ пайгирона кӯшиш намоем.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: «Дар замири ҳар як фарди ҷомеа тарбия кардан ва таҳкиму тақвият бахшидани ҳисси баланди ватандӯстиву ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллӣ яке аз омилҳои муҳимми пойдории давлати соҳибистиқлол мебошад».
Баромадкунандагон мавзуи мазкурро аз ҳар зовия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.




















