Матни равон

Баҳри иҷрои бемайлони дастуру роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло санаи 22 майи соли 2026 аз ҷониби муовини прокурори вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи 1 Асозода Дороб Абдусалом дар толори маҷлисгоҳи хурди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон мулоқоту вохӯрӣ бо иштироки раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳракҳо, масъулини соҳаи маориф, тандурустӣ, барқ, инчунин роҳбарони як қатор корхона ва ташкилоту муассисаҳо, оид ба волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ҳамагуна ҷинояткорӣ, бахусус ҷинояткории ноболиғон, терроризму экстремизм, маводи мухаддир, риояи қонунгузори замин, ҳодисаҳои номатлуби худкушӣ, танзими ҷашну маросим, масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, кам намудани қарзи истифодаи қувваи барқ, оби полезиву нӯшокӣ ва ҳоҷиш додани бақияи қарзи андоз доир гардид.

Дороб Абдусалом зимни суханронии худ изҳори ақида намуд, ки ҳар як фарди бошуури ҷомеа вазифадор аст, ки баҳри амалигардонии волоияти қонун, дар ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ, арзишҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ бо риояи бечунучарои талаботи қонунҳо иамалкунанда саҳми арзандаи худро гузорад.

Муовини прокурори вилоят натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сатҳи ҷинояткориро дар семоҳаи аввали соли равон мавриди баррасӣ қарор дода, сипас гузориши сардори шуъбаи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, масъулини нозироти андоз, кумитаи идораи замин, шабакаҳои барқ, бахши шаҳрсозӣ ва меъморӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо шунида шуд.

Таваҷҷуҳи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, ҷалб карда шуд.

Муовини прокурори вилояти Суғд зимни баромади хеш изҳор кард, ки волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ҳамагуна ҷинояткорӣ пояи устувори истиқлолияти давлатӣ буда, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ, бахусус дар байни ҷавонон, аз мавзуъҳои мубрами рӯз маҳсуб ёфта бояд, ки ҳамагон ба масъалаҳои мазкур таваҷҷуҳи ҳамешагӣ дошта бошанд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ дар робита ба мавзуи таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, фаъолияти пешгирикунанда, андешаҳои худро ҷиҳати пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ озодона иброз доштанд. Гуфтугӯҳои мазкур бо ҳадафи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии аҳолӣ ва пешгирии падидаҳои номатлуб ҷамъбаст гардид.

Ҳамчунин аз иштирокчиёни вохӯрӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани талаботи Қонуни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” чораҳои бетахир андешида шавад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ бори дигар изҳор карда шуд, ки дар шароити кунунӣ ҳар як фарди солими ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки барои дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва расидан ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ тарбия кардани фарзандони худ, яъне наврасону ҷавонон, инчунин сазовор истиқбол гирифтани таҷлили 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ҳамеша саъю талош варзанд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1300
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:7033
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:17845
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:36087
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:88614
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:67708
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9542091

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?