Матни равон

Имрӯз, 8-уми июни соли 2026 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати ҳафтум доир гардид.

Кори Иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби котибон ва рӯзномаи ҷаласа оғоз гардид.

Дар кори Иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, муовинон ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва раисони ҷамоати шаҳракҳо иштирок намуданд.

Дар рӯзномаи Иҷлосия 5 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иҷлосия таҳти роҳбарии Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода баргузор гардид.

Доир ба масъалаи якуми рӯзнома оид ба рафти иҷрои “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён гузориш манзур намуд.

Зикр карда шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2019, №438, Дар бораи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, қарори Раиси вилояти Суғд аз 28.10.2019, №419 ва Қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 22.01.2020, №15, “Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар шаҳри Гулистон тадбирҳои зарурӣ андешида, дар ин давра корҳои муайянеро ба анҷом расонид. Дар муассисаҳои таълимии шаҳр 56 нафар омӯзгори забони русӣ ва 42 нафар омӯзгори забони англисӣ фаъолият мебаранд. Ҳамаи онҳо дорои таҳсилоти олӣ буда, тибқи талаботи стандартҳои давлатӣ ва барномаҳои таълимӣ ба фаъолияти педагогӣ машғул мебошанд.

Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон 18 кабинети забони русӣ ва 20 кабинети забони англисӣ ташкил карда шуда, инчунин 3 кабинети лингафонӣ фаъолият доранд. Кабинетҳои мазкур бо техникаи муосир, аз ҷумла компютер, проектор, тахтаи электронӣ, системаҳои аудио-визуалӣ ва маводи аёнӣ таъмин мебошанд, ки ин шароит барои баланд бардоштани сифати таълим ва рушди малакаҳои нутқи шифоҳӣ ва хаттии хонандагон мусоидат менамояд.

Дар 10 муассисаи томактабии шаҳри Гулистон омӯзиши ибтидоии забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Дар онҳо 16 гурӯҳи русӣ ва 16 гурӯҳи англисӣ фаъолият доранд. Машғулиятҳо бо усули бозӣ, суруд, ҳаракатҳои дидактикӣ ва фаъолиятҳои шавқовар гузаронида мешаванд, ки барои рушди нутқи кӯдакон аҳамияти муҳим доранд.

Доир ба масъалаи мазкур Расулов Абдумалик Надирович - вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Умари Хайём” №21 ба музокира баромада, фаъолитяи Барномаро дар ин давра мусбат арзёбӣ намуд.

Доир ба масъалаи дуюми рӯзнома “Дар бораи ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр доир ба масъалаҳои саноат, сохтмон, алоқа, хоҷагии коммуналӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ” аъзои комиссияи доимӣ – Абдуллозода Ғуфрон Нурулло - вакил аз ҳавзаи интихоботии “Адрасмон”, №12 ҳисобот ироа намуд.

Тибқи масъалаи сеюми рӯзнома ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Бедил” №5 Абдуллоев Абдумуталиб Пулотович доир ба ваколатҳои вакилӣ шунида шуд

Сипас, бо овоздиҳии вакилон масъалаҳои дигари рӯзнома “Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба нақшаи қисми даромад ва хароҷоти буҷети шаҳр дар соли 2026” ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр ҷонибдорӣ ёфтанд.

Сипас, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори раёсати маорифи вилоят муҳтарам Гулсара Мирзозода оид ба рафти иҷрои “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар шаҳри Гулистон изҳори назар намуд.

Дар фарҷом Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода барои фаъолияти муназзам ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1655
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4857
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:19161
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15921
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:66423
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:106205
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9626105

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?