06 Июл 2026
Санаи 5июли соли 2026 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Ирам»-и шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон ва Истиқлоли вилояти Суғд бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардида, маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи рангини фарҳангиву адабӣ пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуд.
Дар чорабинии мазкур муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе - Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Қодирзода Руслан Раҷаб, Раиси шаҳри Бӯстон - Нуруллозода Фирӯза, Раиси шаҳри Гулистон - Пӯлодзода Илҳом, Раиси шаҳри Истиқлол - Маҳмудзода Қаюмҷон ва дигар меҳмонону масъулин иштирок намуданд.
Аҳли фарҳанг ва ҳунармандони шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангиву консертӣ, суруду таронаҳои ватандӯстона ва рақсу оҳангҳои миллӣ табъи иштирокчиёнро болида гардонида, фарҳангу суннатҳои неки миллати тоҷикро муаррифӣ намуданд.
Дар доираи чорабинӣ Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Қодирзода Руслан Раҷаб ба Раиси шаҳри Бӯстон - Нуруллозода Фирӯза, Раиси шаҳри Гулистон - Пӯлодзода Илҳом, Раиси шаҳри Истиқлол - Маҳмудзода Қаюмҷон барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва муаррифии дастовардҳои шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол дар пойтахти кишвар Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомониро тақдим намуд.
Бояд зикр кард, ки баргузории рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе ба таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, рушди муносибатҳои фарҳангӣ, муаррифии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ мусоидат намуда, дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.





















