06 Июл 2026
Имрӯз 2 юми июли соли равон, Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои ободонӣ, беҳтарсозии инфрасохтори шаҳр ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як қатор иншооту мавзеъҳои муҳими шаҳр боздид ба амал овард.
Зимни боздид Раиси шаҳр аз вазъи як қатор қитъаҳои шаҳр, иншооти хизматрасонӣ ва мавзеъҳои сайёҳӣ дидан намуда, бо масъулини соҳа оид ба вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ, таъмини тозагӣ, кабудизоркунӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинону меҳмонон сӯҳбат анҷом дод.
Шаҳрдор таъкид намуд, ки ҳар як сохтор ва роҳбари соҳа бояд бо масъулияти баланд баҳри иҷрои босифати корҳои ободонӣ, нигоҳдории иншоот ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ саҳми арзандаи худро гузорад. Ҳамзамон ба масъулин барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва иҷрои саривақтии супоришҳо дастуру тавсияҳои мушаххас дод.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Гулистон





















