Матни равон

Дар доираи корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар дар шаҳри Гулистон корҳои барқарорсозӣ ва бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо маром идома доранд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бо ҷараёни корҳои навсозӣ дар ҶСК «Комбинати маъдантозакунии Адрасмон» шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки комбинати мазкур аз соли 2013 инҷониб фаъолият надошт. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз корҳои азнавсозӣ, насбу васли таҷҳизоти муосир ва омодасозии истеҳсолот дар ин корхонаи азими саноатӣ идома дошта, он то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад.

Барои татбиқи лоиҳа таҷҳизоти муосири соҳавӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид шуда, айни замон наздики 210 нафар мутахассисони маҳаллӣ ва хориҷӣ ба корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот ҷалб гардидаанд.

Тибқи маълумоти масъулон, баъди мавриди истифода қарор гирифтани корхона то 500 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин хоҳанд шуд.

Баъди оғози фаъолият дар комбинат маъданҳои ранга, аз ҷумла нуқра, мис ва сурб то марҳилаи ниҳоии коркард истеҳсол гардида, имконияти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ба содирот нигаронидашуда фароҳам мешавад. Ба гуфтаи мутахассисон, захираҳои бойи маъдании минтақа имкон медиҳанд, ки фаъолияти корхона барои солҳои дароз таъмин гардида, дар рушди саноати кӯҳӣ ва металлургияи кишвар саҳми назаррас гузорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода таъкид намуд, ки бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, таъсиси корхонаҳои муосир, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши содирот аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятнок ба ҳисоб мераванд.

Зикр шуд, ки имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров ва Гулистон як қатор корхонаҳои бузурги саноати кӯҳӣ фаъолият дошта, дар рушди иқтисоди миллӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Комбинати маъдантозакунии "Адрасмон" низ баъди навсозии пурра ва бо ҷалби беш аз 50 миллион доллар сармоя ба яке аз корхонаҳои муҳими саноатии кишвар табдил ёфта, дар рушди иқтисодиёти вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муассир хоҳад гузошт.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2460
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3289
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13620
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:41324
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:104513
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:106078
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9770273

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?