23 Июл 2026
Дар деҳаи Гулдараи Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Дар маросими ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ Раиси вилоят ба соҳибкор Санъатҷон Баротов барои саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки ободии Ватан аз ободии хона, кӯча, маҳалла ва шаҳру деҳот оғоз меёбад ва ҳар як шаҳрванд бояд дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми худро гузорад.
Таъкид гардид, ки бунёди чунин иншооти варзишӣ барои фароҳам овардани шароити мусоид барои наврасону ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мусоидат мекунад.
Қобили зикр аст, ки ин дуюмин майдончаи хурди футбол дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Адрасмон мебошад, ки бо ташаббуси соҳибкор бунёд шудааст.
Сипас, роҳбари вилоят аз ҳоли собиқадори соҳаи саноат Мавлон Пулотов хабар гирифта, кӯмакҳои моддӣ расонид.






















