01 Август 2026
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон қабули навбатии шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода баргузор гардид.
Дар рафти қабул шаҳрвандон вобаста ба масъалаҳои иҷтимоӣ, таъмини манзил, ҷудо намудани қитъаи замин, беҳтар намудани инфрасохтор, хизматрасонии коммуналӣ, расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ, таъмини шуғл ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ муроҷиат намуданд.
Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ҳар як муроҷиати сокинонро бодиққат шунида, барои баррасии ҳаматарафа ва ҳалли онҳо ба муовинон, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва масъулини дахлдор супоришҳои мушаххас дод. Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳангоми иҷрои супоришҳо риояи муҳлатҳои муқарраргардида ва муносибати масъулона бо муроҷиати шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад.
Қобили зикр аст, ки қабули мунтазами шаҳрвандон яке аз роҳҳои муҳими таҳкими робитаи мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ буда, барои ҳалли мушкилоти сокинон ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ мусоидат менамояд.





















