23 Сентябр 2026
Дар доираи чорабиниҳои марбут ба сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон майдони варзишӣ барои бозии футбол мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи иншооти варзишӣ директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам, раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, намояндагони мақомоти давлатӣ, сокинон ва ҷавонони деҳа иштирок намуданд.
Майдони варзишӣ бо саҳми соҳибкорон Бобоев Толибҷон ва Офоқов Фаррухуҷа бунёд гардида, барои баргузории машқу тамрин, мусобиқаҳои футбол ва ҷалби наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим шароити мусоид фароҳам меорад.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бунёду навсозии иншооти варзишӣ вусъат ёфта, барои рушди соҳаи варзиш ва тарбияи насли солиму неруманд имкониятҳои бештар муҳайё гардида истодаанд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки фароҳам овардани шароити муносиб барои машғул шудани ҷавонону наврасон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз омилҳои муҳимми таҳкими солимии ҷомеа, пешгирии омилҳои номатлуб ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад.
Ифтитоҳи майдони мазкур барои сокинон, бахусус наврасону ҷавонони деҳаи Зарнисор, туҳфаи арзанда дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ба рушди футбол ва оммавигардонии варзиш мусоидат хоҳад кард.
Дар фарҷом ба соҳибкорон ва ҳамаи шахсоне, ки дар бунёду омодасозии майдони варзишӣ саҳм гузоштанд, изҳори сипос карда шуд.




















