03 Октябр 2026
Дар шаҳри Гулистон оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир мунтазам андешида шудаистодааст.
Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст. Лозим ба ёдоварист, ки масъулин бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва мураббиён дар ҳамкорӣ бо дигар шаҳру ноҳияҳо, шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳои ҳудудӣ шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои тобеияти шаҳр, ҳамарӯза мусобиқаҳои варзиширо, дар сатҳи хуб роҳандозӣ намуда, баргузор намудаистодаанд. Бо ҳамин мақсад, санаи 01.10.2026, дар толори варзишии "Истиқлол"-и маркази шаҳри Гулистон, бахшида ба 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи шаҳрии тенниси руйи миз баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур наврасону ҷавонон ва сокинони касбу кори гуногун аз маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои шаҳри Гулистон фаъолона иштирок намуда, ғолибон бо диплом, медал ва туҳфаҳои хотирави қадрдонӣ гардиданд.
Дар ин баробар масъулинӣ Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва мурабиён азм доранд, ки дар давоми соли равон, дар байни ҷавонону наврасон ва сокинони шаҳр мусобиқаҳои гуногунмазмунро ба роҳ монда, тарзи ҳаёти солим ва ақли солимро дар байни сокинони касбу кори гуногун рушд диҳанд.






















