02 Октябр 2026
Санаи 01.10.2026 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷаласаи кории назди Раиси шаҳр бо иштироки муовинони Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода масъалаҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрро мавриди баррасӣ қарор дода, ба масъулин ҷиҳати иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ ва татбиқи саривақтии нақшаву чорабиниҳои пешбинишуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон масъалаи иҷрои нақшаву чорабиниҳои тасдиқгардида мавриди таҳлил қарор гирифта, аз роҳбарони ташкилоту муассисаҳо талаб карда шуд, ки иҷрои ҳар як банди нақшаҳоро таҳти назорати доимӣ қарор дода, ҷиҳати сари вақт ва босифат анҷом додани онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дар идомаи ҷаласа ба масъалаи омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Таъкид гардид, ки тамоми муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, инчунин ташкилоту идораҳо бояд захираи кофии ангишт, сӯзишворӣ ва дигар маводи заруриро муҳайё намуда, ҳолати шабакаҳои гармидиҳӣ, барқ ва дигар инфрасохторро пурра омода созанд.
Раиси шаҳр инчунин масъалаи иҷрои уҳдадориҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатиро муҳокима намуда, ба масъулин ҷиҳати истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва иҷрои саривақтии нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ дастуру супориш дод.
Дар ҷаласа масъалаҳои иҷрои нақшаи андоз ва таъмини босифати қисми даромади буҷети маҳаллӣ низ мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифтанд. Раиси шаҳр масъулинро вазифадор намуд, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати пурра ва сари вақт иҷро намудани нақшаи андоз, баланд бардоштани интизоми молиявӣ, истифодаи самараноки манбаъҳои андозбандӣ ва таъмини устувории буҷети маҳаллӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Дар фарҷоми ҷаласа Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода аз роҳбарону масъулини тамоми сохторҳо даъват ба амал овард, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, ташаббускорӣ ва меҳнати содиқона баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллат ва рушди минбаъдаи шаҳри Гулистон фаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшида, иҷрои босифати ҳамаи вазифаҳои гузошташударо таъмин намоянд.




















