08 Ноябр 2016
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода собиқадори меҳнат, ходими давлатӣ Санавбар Нуриллоеваро аёдат карда, бо Рӯзи қабули Конститутсия таҳният намуд ва барои собиқадор дастовези идона супорид.
Бо супориши Раиси шаҳр масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Ҷамоати шаҳракҳо ба ифтихори Рӯзи Конститутсия беш аз 80 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат, муҳофизони сохти конститутсионӣ, ҷанговарони интернатсионалист, чернобилчиён, оилаҳои бесаробонмонда, ятимони ашхоси имконияташон маҳдуд ва ниёзмандро аёдат карда ба онҳо кӯмаки яквақтаи моддӣ расониданд. Дар маҷмӯъ ба маблағи 10,4 ҳазор сомонӣ ба ифтихори Рӯзи Конститутсия шахсони ниёзманд аёдат карда шуданд.
Ҳамзамон, аз тарафи корхонаву ташкилот ва муассисаҳои шаҳр 45 нафар ашхоси ниёзманд ба муносибати иди Рӯзи Конститутсия аёдат карда шуда ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонида шуданд.