Матни равон

Таҳти раёсати Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷаласаи Комиссияи доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо баргузор гардид. Дар оғоз Раиси шаҳр тазаккур дод, ки ҳарчанд аз ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» даҳ сол сипарӣ шуда бошад ҳам, вале ҳанўз дар татбиқи он баъзе нуқсонҳо ба назар расида, аз ҳар як фаъоли ҷомеа тақозо мешавад, ки ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани бандҳои он корҳои тарғиботӣ-ташвиқотиро тақвият бахшанд.

Зеро масъалаи танзими анъанаву маросим аз масоили муҳими ҷомеа буда, он бевосита ба сатҳи зиндагии мардум марбут аст. Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи қонун махсус таъкид гардид.

Дар бораи фаъолияти комиссияи мазкур дар давоми соли 2016 ҷонишини раиси Комиссия Манучеҳр Шарифов ҳисобот дода, бурду бохти онро мавриди таҳлил қарор дод.

Мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Раъно Раҷабзода дар иттилооти хеш, роҷеъ ба фаъолияти бахш дар татбиқи қонуни мазкур гузориш пешниҳод кард. Сипас раиси Ҷамоати шаҳраки Адрасмон Сафар Нурматов, раиси Ҷамоати шаҳраки Зарнисор Шаҳло Шарифова, иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон Садриддин Ғуфронов оид ба фаъолияти комиссияи мазкур дар ҳудуди Ҷамоати шаҳракҳо ҳисобот доданд.

Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода дар пурсиши аъзои комиссия таъкид намуд, ки ҳадаф аз таъсиси комиссияи мазкур гирифтани пеши роҳи харҷҳои беҳуда ва зиёдравии аҳолӣ зимни баргузории маросимҳо мебошад. Зикр гардид, ки ҳадафи асосии ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» дар он аст, ки бояд мардум маблағи ба даст овардаи худро сарфакорона корбаст намуда, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии худ кўшиш намоянд.

Раиси шаҳр ҳамчунин ба як қатор камбудиву норасоиҳо ҷой дошта дар фаъолияти комиссияҳо дар Ҷамоати шаҳракҳо ва комиссияҳои ҷамъиятӣ мушаххас изҳори нигаронӣ кард. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки вазъи ҳуҷҷатгузории комиссияҳои доимии Ҷамоати шаҳракҳо ба боздиду таҷдиди ҷиддӣ ниёз доранд.

Дар ҷаласа нақшаи кори комиссияи мазкур барои соли 2017 қабул гардида, доир ба масъалаи рўзнома қарори дахлдор қабул карда шуд.

Дар фарҷом Раиси шаҳр ба масъулини шаҳракҳо, аъзои комиссияи доимӣ, комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо вазифагузорӣ намуда, дастур дод, ки бояд аъзои комиссия фаъолтар шуда, ҳамаи маъракаҳоро зери назорат қарор дода, барои камхарҷтар намудани маросимҳо дар байни мардум корҳои ташвиқу тарғиботиро тақвият бахшанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1011
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15697
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16310
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:52148
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8261660

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?