23 Январ 2017
Пас аз пошхўрии иттиҳоди шўравӣ муносибат бо ҳамсоякишвар сард гардид ва қатъи нерўи барқ аз ҷумҳурии ҳамҷавор дар фасли сармо мардумро бо мушкилоти зиёд рў ба рў кард. Мардумро сардиву торикӣ дар фасли зимистон ҳамасола азият медод. Инак, бо дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва андешидани чораҳои зарурӣ дар ин самт аз ҳисоби захираҳои кишвар иншооти энергетикӣ бунёд гарида, ин мушкилӣ тадриҷан ҳалли худро пайдо намуд.
Муроҷиати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини шабонрўзии аҳолии кишвар ва корхонаҳои саноатӣ бо нерўи барқ тамоми сокинонро хушҳол намуда, аз ояндаи пурнур паём овард. Аз ҷумла банда ҳам аз ин навиди фараҳбахш хушҳол гардида, бори дигар ба Сарвари кишвар эҳтирому эътиқодам беш аз пеш афзуд. Акнун фурсати он расидааст, ки мо мардуми кишвар гуфтаҳои Пешвои худро дустури зиндагӣ қарор дода, фарҳанги истифодаи оқилонаи нерўи барқро ба кор гирем ва таҷҳизоти каммасраферо корбаст намоем, ки ҳам ба нафъи давлат ва ҳам ба фоидаи хонандони мо бошад.
А.ДЎСТМУРОДОВ,
сокини шаҳраки Чоруқдаррон