Матни равон

ДУШАНБЕ, 28.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2017 ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳи корӣ дар ҳайати муовини Раиси кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Мирзозода, муовини Прокурори вилояти Суғд М. Рофизода, прокурори шаҳри Гулистон А. Абдуллозода, мудири бахши иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Гулистон И. Мадализода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон К. Қосимова, сардори шўъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Гулистон Х. Ҳакимов, муовини сардори шўъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Гулистон Б. Саидзода дар шаҳрак ва ҷамоату деҳаҳои сераҳолии шаҳри Гулистони вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дод. Тибқи нақшаи таҳияшудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон вохўриҳо дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраки «Консой», «Чоруқдарон», «Сирдарё», «Зарнисор», урдугоҳи «Шоҳин», «Шабакаҳои барқии вилояти Суғд», Кохи «Истиқлол», Коллеҷи тиббӣ, осоишгоҳи «Баҳористон», толори туйхонаи «Муслим»-и шаҳраки Адрасмон доир гардиданд.

Дар вохўриҳо сокинони деҳот, муаллимон, занон, ҷавонон, раисони маҳаллаҳо, имомони масоҷид, собиқадорони меҳнат ва ғайра фаъолона иштирок карданд. Зимни мулоқотҳо вобаста ба масъалаҳои мубрами сиёсии ҷаҳон ва кишвар, масъалаҳои иҷтимоӣ, оид ба вабои аср будани экстремизму терроризм, вазъи тартиботи ҷамъиятӣ ва роҷеъ ба шахсони бо ҷурми аъзо будан ба ҷараёнҳои ифротӣ ҳабсшуда, доир ба масоили соҳаи иқтисод ва Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ибрози ақида карданд. Зимнан иброз гардид, ки ҷиҳати ҳимояи амнияти шаҳрвандон ва таъмини низом дар кишвар фаъолияти як қатор ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ ба монанди «Ал-қоида», «Ҷундуллоҳ»,» Салафия», «Ашшабоб», «Ихвонулмуслимин», «Лашкари тайиба», «Гурӯҳи-24», ҲНИТ, Созмони таблиғот ва ғайра дар мамлакат манъ ва гаравидан ба онҳо ҷиноят ҳисобида мешавад.

Дар суҳбатҳо дар баробари нуктаҳои асосии Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ доир ба се қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну мавросимҳо», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ёдрас карда шуд ва бори дигар моҳияти ин қонунҳо дар зиндагии рўзмарра таъкид гардид. Аз ҷумла, оиди таҳаввулоти назаррас дар баргузории маъракаҳои хурсандӣ ва азодории шаҳрвандон баъди қабули қонун, пешгирии исрофкориҳо ва ба низом даровардани оинҳо, баланд бурдани фарҳанги маъракаороӣ ва ғайра суханронӣ шуд.

Зикр гардид, ки дар давраи амали қонун зиёда аз 14 миллиард сомонӣ сарфа шуда, аз ин ҳисоб шаҳрвандон тавонистанд сатҳи зиндагии худро беҳтару барои тарбияи фарзандон шароити мусоидтар фароҳам биёранд. Забҳи чорво кам ва нигаҳдории чорвои наслдеҳ таъмин гардид. Ба ҳар маърака забҳи як чорво рост намеояд, чунки шаҳрвандон бо гўшти харида маърака меороянд. Тамоми кишвар ба сохтмони бузург табдил ёфта, мардум ба бунёди боғу корхона, манзили истиқомативу дигар иншоотҳо ва ғайра машғуланд, ки дар ин саҳми қонун ба назар мерасад.

Дар маҷмуъ, вохўриҳо муташаккил ва дар сатҳи баланд доир карда шуданд. Аз чеҳраҳои мардум намоён буд, ки аз зиндагии осудаи худ қаноатманд буда, ба корҳои созандагию ободкорӣ машғуланд, сиёсати дохилию хориҷии Пешвои худро ҷонибдорӣ менамоянд. Дар ҳудуди шаҳри Гулистон ва деҳоти он масъалаҳои баҳсталаб қариб, ки ба мушоҳида нарасиданд. Саволу ҷавобҳо аслан сари масъалаҳое доир мешуданд, ки ҳалли онҳо ба мақомоти маҳалли вобастагӣ доранд ва дар ояндаи наздик ҳалли худро меёбанд.

Муовини раиси Шабакаҳои барқи вилояти Суғд Олимҷон Нозимов иброз намуд, ки аҳли заҳмати коргоҳи онҳо аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намуда, кушиш менамоянд дастуру супоришҳоро саривақт амалӣ намоянд. Бо қаноатмандӣ қайд гардид, ки бо таҷдиди неругоҳи барқи обии «Қайроқум», ки соли 2017 дар назар аст, иқтидори истеҳсолии он зиёд гардида, барои таъмини аҳолии кишвар ва рушди саноат заминаи хуб фароҳам меояд.

Сокини шаҳри Гулистон Меҳрангез Абдуллоева низ иброз намуд, ки чунин мулоқотҳо дар дурдасттарин деҳаҳо низ гузаронида шаванд, то ин ки маърифати ҷавондухтарон баланд бардошта шавад, чунки то ҳол аз таълим дур мондани ҷавонон, бахусус духтарон ба назар мерасад.

Сармуҳарири рўзномаи «Соҳил» Абдуманон Одинаев пешниҳод намуд, ки барои пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ хуб мешуд дар барномаи таъдимии макотиби ҳамагонӣ омўзиши фанни маърифати исломӣ ба роҳ монда шавад, то ки ҷавонон аз таърихи мазҳаби худ бохабар шуда, дар муқобили дигар равияҳо истодагарӣ карда тавонанд.

Донишҷўи курси якуми коллеҷи тиббии Гулистон Афсона Файзиддинова боиси ифтихор донист, ки соли 2017 ба ҷавонон бахшида шудааст. Омӯзгорони мактабҳои шаҳр Р. Ҳамзаалиева, З. Абдураҳмонова, З.Раҳматуллоева, С. Сафарова, М. Миробидова, С.Набиева ва духтур Х.Қурбонова зикр намуданд, ки ҳар як нуктаи Паёми навбатии Ҷаноби Олӣ барояшон раҳнамои фаъолият буда, аз тавваҷуҳи доимии Пешвои миллатамон нисбат ба омўзгорон, ҷавонон, занон ва модарон руҳбаланд мебошанд. Хонандаи синфи 11-и мактаби № 10 шаҳраки Зарнисор, гирандаи стипендияи Президентӣ Зиёда Мирзоалимова пешниҳод намуд, ки барои дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон як квота ҷудо карда шавад. Ронанда И.Боқиев қаноатмандӣ аз он намуд, ки бо шарофати кушишҳои Пешвои миллат соли даҳум аст, ки корхонаи маъдани Зарнисор аз нав ба кор шурўъ намуд ва дар баробари ҳазорҳо нафар сокинони шаҳрак ў низ соҳиби ҷои кор ва маоши хуби доимӣ гардидааст. Хоҳиш намуд, ки барои таҷдиди роҳи ноҳияи Мастчоҳ ва шаҳраки Зарнисор, ки 50 километрро ташкил медиҳад ва дар ҳолати бад қарор дорад, аз ҳисоби корхона чораҷӯӣ карда шавад.

Дар мулоқоту ҷамъомадҳои зикршуда хулоса ин буд, ки шаҳри Гулистон бо дастгирӣ ва кумаки Пешвои миллат ба гулистони ҳақиқӣ табдил меёбад.

М. БОБОШОҲЗОДА,

мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои

рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа

АМИТ «Ховар». 28.01.2017.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:754
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15440
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16310
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:51891
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8261403

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?