27 Феврал 2017
Таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ҷаласаи ситоди шаҳрӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аъзои ситод, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони Ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони корхонаву идораҳои дахлдор иштирок намуданд.
Дар оғоз Сардори мудофиаи гражданӣ-Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода аз афзоиши ҳодисаҳои табиӣ, бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, пешгирӣ аз ҳама гуна хавфу хатарҳои ба рушди иқтисодиёти шаҳр таъсиррасон ва дастгирию кумаки ҳамаҷониба ба минтақаҳои осебпазир дар ҳудуди шаҳр суханронӣ намуд.
Доир ба фаъолияти ситоди шаҳрӣ, тадбирҳои таъҷилии сохторҳои масъули давлатӣ дар амали бартарафсозии оқибатҳои фалокатбори офатҳои табиӣ дар минтақаҳои гуногуни шаҳр сардори ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода капитан Ҳикматулло Амонов гузориш дод.
Аъзои ситоди шаҳрӣ сардори шуъбаи шаҳри Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Хаёл Ҳакимов, муовини сардори ШВКД дар шаҳри Гулистон Баҳром Саидзода доир ба масъалаи баррасишаванда ибрози андеша намуданд.
Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ҷаласаи ситодро ҷамъбаст намуда, аз масъулини соҳаҳои дахлдор, ҳамзамон омодагии ҳамаҷониба ба мавсими гармо, ки эҳтимолияти ба вуқўъ пайвастани офатҳои табиӣ бештар мегарданд, тақвияти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаҳои нисбатан хавфнок бо ҷалби иқтидору имконоти мавҷуда ва нерўю тавони аҳолии маҳаллӣ бо роҳи гузаронидани ҳашарҳои оммавӣ, ба миқдори зарурӣ нигоҳдорӣ ва захира намудани техникаҳои корӣ, сўзишворию маводи ғизоӣ ва васеъ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳию ҳамарўза огоҳ кардани аҳолӣ аз вазъи боду ҳаво ва эҳтимолияти ба вуқўъ омадани ҳар гуна ҳодисаҳои фавқулода тавассути васоити ахбори омма талаб карда, ба масъулин мушаххас вазифагузорӣ намуд.