13 Март 2017
Рӯзи 11-уми март дар мамлакат Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта шуд. Ин санаро ҳамасола аҳли қаламу фарҳанг ҷашн мегиранд. Ин сана ба рӯзи нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ бо унвони «Бухорои шариф» пайванд аст.
Бояд зикр намуд, ки аввалин шумораи рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» 11-уми марти соли 1912 аз чоп баромад. Пас аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 Парлумони Тоҷикистон 11-уми мартро рӯзи матбуоти тоҷик эълон намуд.
Хурсандиовар аст, ки наш-рияи расмии мақомоти ироияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон – «Соҳил» низ бо ибтикори рӯзноманигор ва адиби гулиситонӣ Илҳом Мадализода дар соли 86-умин солгарди нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ – «Бухорои шариф» рӯзномаи расмии шаҳрӣ бо қарори раиси шаҳр таҳти рақами 111 аз 11-уми марти соли 1998, яъне дар соли 35-умин таъсисёбии шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» таъсис ёфта, шумораи нахустини он 21-уми март нашр гардид.
Бахшида ба 105-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик, 19-умин солгарди рӯзномаи «Соҳил» Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода гурӯҳи рӯзноманигоронро ба ҳузур пазируфт. Раиси шаҳр рӯзноманигоронро бо иди касбиашон шодбош намуда, таъкид дошт, ки «матбуот ва воситаҳои ахбори омма дар замони муосир ҳамчун як рукни муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолату воқеияти рӯзгор нақши муассир доранд.
Айни ҳол дар ҳудуди шаҳри Гулистон ду нашрия – «Соҳил» ва «Гулистони дониш» фаъол буда, барои огоҳ намудани ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд. Ҳамзамон, Раиси шаҳр ҳамкории судманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро бо ВАО вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ тазаккур дода, зикр намуда, ки маҳз мавҷудияти воситаҳои ахбори омма имкон медиҳад, ки ҷомеа ба ахбори саҳеҳу дақиқ дастрасӣ пайдо намояд. Дар интиҳо ба рӯзноманигорон дар вазъи тантанавӣ туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуданд.