21 Март 2017
Панҷшанбеи сеюми моҳи равон таҳти ин унвон Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар беш аз 42 корхонаву Ҷамоати шаҳракҳо, муассисаву идораҳо ба вуқӯъ пайваст.
Дар баргузории ин чорабинии сиёсӣ тарғиботчиён аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳабибулло Тоатов, устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Рустамҷон Юлдошев, устоди Донишгоҳи давлати Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров тарғиботчиёни маҳаллӣ, кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок намуда, доир ба иди асосии миллии мо – Наврӯзи байналмилал суханронӣ карданд. Тазаккур дода шуд, ки Наврӯзи ҷаҳонӣ, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони он нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллии аҷдодиамон дар масири таърих тамоми инсониятро ба созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди тарҳи нави зиндагӣ ва ташаббусу иқдомҳои тоза ҳидоят намудааст.
Иштирокчиёни Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар навбати худ роҷеъ ба ғамхориҳои Пешвои миллат дар эҳё ва таҳкиму ғанӣ гардидани анъанаҳои миллӣ ва решапайванди таърихии Нав-рӯз бо фазилати тамаддунофари халқи тоҷик ибрози андешаҳо намуданд.