08 Май 2017
Ҳамшаҳриёни азиз!
9-уми май ба яке аз Ғалабаҳои бузурги таърихи инсоният бар фашизми ғаддор 72 сол пур мешавад ва тоҷикистониён низ онро дар қатори дигар мамолики дунё бо тантана қайд мекунанд. Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи башарият аз ҷумлаи фоҷиаҳои бузургтарини инсоният буд. Тоҷикистон низ дар ин ҷанг талафоти зиёде дод. Беш аз 290 ҳазор нафар фиристодагони он барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми хеш дар набардҳои мубориза шуҷоат ва корнамоиҳои бузург нишон дода, 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои ҷанг ҳалок гаштанд.
Мо – тоҷикон ҳамеша ҷонибдори сулҳ, пуштибони осоиш ва таблиғгари фарҳанги сулҳ мебошем. Имрўзҳо сиёсатмадорон ва муҳаққиқони сиёсатшинос сулҳи тоҷиконро, Ваҳдати миллии моро, яке аз намунаҳои беҳтарини сулҳофарии олам дониста, тарҳи онро дар нуқтаҳои гуногуни дар ҳоли низоъ қарордошта, амалӣ карда истодаанд.
Фарзандони халқи тоҷик дар ҳамаи муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ фидокорона иштирок кардаанд. Махсусан, торумор кардани фашистон дар муҳорибаҳои назди Москва, Сталинград, Курск, Украина, Белорус на танҳо ҷараёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, балки ҷараёни ҷанги дуюми ҷаҳонро комилан тағйир дод. Ҳазорон нафар фиристодагони Тоҷикистон дар ин муҳорибаҳо, аз ҷумла дар озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон доданд. Ба нишони қадрдонии корнамоиҳои ҷангии ҳамватанони мо қариб 60 нафар бо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ва 15 нафари дигар бо се ордени «Шараф» мушарраф гардидаанд. Зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд. Хурсандибахш аст, ки ду нафар фиристодаи шаҳри мо – Эгамбердӣ Хоҷамбердиев ва Нишев Иосиф Илич низ бо се ордени «Шараф» сарфароз гардонида шудаанд.
Дар солҳои душвори ҷанг Тоҷикистон аҳолии кишварро бо ғалла таъмин мекард. Дар он давра истеҳсоли ғалла ба 700 ҳазор тонна ва пахта 510 ҳазор тонна расонида шуд. Ин мисолҳо бар он далолат мекунанд, ки халқи мо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардонагӣ, устувории бузург, муҳаббати бепоён нисбат ба Ватан нишон доданд.
Гулистониёни азиз! Ба ифтихори иди фирўз – Рўзи Ғалаба ҳамагонро бо самимият табрик намуда, бароятон тандурустиву хонаободӣ, саодату комёбиҳо таманно менамоям.
Иди Fалаба муборак бошад, дўстони арҷманд!