10 Май 2017
Тибқи нақшаи чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар маҳаллаи №2-и кўчаи Дўстии халқҳо, Мирзо Турсунзода вохўрӣ бо сокинон бо котиби масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва кормандони ШВКД дар шаҳри Гулистон баргузор гардид.
Масъулин дар мулоқот дар бораи ҷиноятсодиркунӣ, ҳодисаҳои номатлуб ва фарогирии хонандагон ба таҳсил, шомил нашудани ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва амсоли ин суханронӣ карда, ҳушдор доданд. Чунини мулоқотҳои бо иштироки сокинон дар маҳаллаҳои шаҳраки Адрасмон, муассисаҳои таълимии № 1, 8,14 ва гимназияи маркази шаҳр ба вуқўъ пайвастанд.