10 Май 2017
Дар Кохи фарҳангии «Истиқлол» озмуни шаҳрии «Гулдухтарони суғдӣ» баргузор гардид. Дар озмун аз рўи шартҳои муаррифинома бо намоиши саҳначаи оилавӣ, савияи дониши сиёсӣ, омодасозии панҷ намуди таоми миллӣ, намоиши маҳорати эҷодӣ ва сару либоси кориву идона сурат гирифта, дар он 8 нафар намояндагони ҷамаоти шаҳракҳо ва муассисаву корхонаҳо ширкат варзиданд. Намояндаи КВД осоишгоҳи «Шифо» Шаҳноза Тоҷихолова бо гирифтани 122 хол сазоври ҷойи якум ва роҳхат ба озмуни вилоятӣ гардид.
Аъзои ҳакамон ба маҳорат ва истеъдоди гулдухтарони гулистонӣ Сурайё Шарифова (гимназияи № 1), Қумринисо Содиқова (шаҳраки Сирдарё), Раъно Зиёева (МТМУ №1), Бишарифа Қориева (Беморхонаи марказии шаҳр), Замира Тоҳирова (МТМУ № 14), Маниҷа Ҳоҷиқадамова (шаҳраки Чоруқдаррон) ва Мафтуна Ҷўраева (шаҳраки Консой) баҳоҳои хуб доданд.