10 Май 2017
Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ҳафтаи сипаришуда дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ифтихори таҷлили иди касбии кормандони мақомоти андоз бо кормандони Нозироти андози шаҳри Гулистон мулоқот доир намуд.
Дар вохўрӣ Раиси шаҳр роҷеъ ба фаъолияти пурсамари кормандони Нозироти андози шаҳр дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ, вазифаҳои муҳими мақомот дар ғанӣ гардонии буҷет, рушд ва саҳми қиёсии соҳаҳои хоҷагии халқ дар ташаккули нишондиҳандаҳои вилояту ҷумҳурӣ сухан ронда, кормандони Нозироти андози шаҳрро бо иди касбиашон муборакбод намуд. Ҳамзамон, идораи Нозироти андоз барои дастоварҳои калони меҳнатӣ бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва кормандони идораи мазкур бо туҳфаҳои арзишманди Раиси шаҳри Гулистон сарфароз гардонида шуданд.