10 Май 2017
Дар арафаи иди бузург - Рўзи Ғалаба Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода, муовини якуми Раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода, раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода ба хонаи собиқадори ҷангу меҳнат Самад Воҳидови 93-сола омада, ўро аёдат намуданд.
Ба собиқадори ҷангу меҳнат ҳадяпулиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Гулистон дар вазъи тантанавӣ супорида шуданд. Ҳини суҳбат собиқадори ҷангу меҳнат шукронаи даврони истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот намуда, барои ғамхориву дастгириҳои Пешвои миллат ва давлат изҳори самимият намуд.