Матни равон

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ҷаласаи васеи саноатчиён баргузор гардид.

Дар ҷаласа мудирони шуъба ва бахшҳои мақомот, роҳбарони корхонаву муассиса ва идораҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо иштирок намуданд. Роҷеъ ба фаъолияти соҳаи саноати шаҳр дар давоми моҳҳои январ-апрели соли 2017 муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода маърўзаи муфассал намуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ корхонаҳои саноатии шаҳр ба дастовардҳои хуби меҳнатӣ ноил гардиданд.

 

Вазни қиёсии ширкати соҳаи саноати шаҳр дар афзоши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар миқёси вилояти Суғд ва ҷумҳурӣ зина ба зина боло рафта, махсусан тайи ду-се соли охир ин нишондиҳандаҳо ба маротиб афзудааст. Дар чормоҳаи соли 2017-ум корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба маблағи 1 миллиарду 10 миллиону 267,6 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 135,5 фоиз зиёд мебошад. Ҳамзамон, ин нишондиҳанда ба маблағи 264,9 миллион сомонӣ афзудааст.

Дар давоми моҳҳои январ-апрели соли равон аз 28 корхонаи саноатии шаҳр 16 корхона (57,1 фоизи корхонаҳо) афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 102,6 фоиз то ба 562,3 фоиз таъмин намуданд. Дар ин давра корхонаҳои саноатии шаҳр 94,2 ҳазор тонна консентрати сурб, руҳ ва хокаи мисс, 14,3 ҳазор тонна орд, 356,3 миллион Квт/соат нерўи барқ, 533,6 ҳазор метри мураббаъ маҳсулотҳои қолинӣ, 2,1 миллион дона зарфҳои шишагӣ, 284,0 ҳазор метри мукааб маҳсулоти оҳану бетонӣ ва дигар маҳсулотҳои саноатию ниёзи мардум  истеҳсол намуданд. Музди маоши миёнаи  кормандони корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми чормоҳаи соли ҷорӣ 2669,5 сомонӣ буда, аз ҳамин давраи соли гузашта 297,1 сомонӣ зиёд гардидааст. Ин нишондиҳанда 112,5 фоизро ташкил медиҳад.

Мувофиқи ҳисоботи оморӣ дар давоми чор моҳ шумораи миёнаи кормандони корхонаҳои саноатии шаҳр, ки  ба фаъолияти меҳнатӣ машғул ҳастанд 4568 нафарро ташкил дода, ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта 752 нафар зиёд гардидааст. Дар ин давра  корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон бо 19 кишварҳои ҷаҳон алоқаи тиҷоратӣ намуданд. Дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ба кишварҳои хориҷа ба маблағи 82,7 миллион доллар, воридот бошад 20,1 миллион долларро ташкил дод. Фарқияти содирот аз воридот дар ин давра 4,1 маротиба зиёд шудааст. Бояд қайд кард, ки саноатчиёни шаҳр дар ин давра, барои болоравии соҳаи саноат кўшиш ба харҷ дода, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро баланд бардошта, 37,1%-и ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноатии вилояти Суғдро таъмин намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2633
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2633
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:53770
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8263282

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?