22 Май 2017
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ҷаласаи нахустини ситоди шаҳрӣ дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 бо иштироки аъзои ситод ва роҳбарони корхорнаву муасисаҳо ва идораву ташкилотҳо ба вуқўъ пайваст.
Раиси шаҳр роҷеъ ба нақшаи чорабиниҳои омодагии саривақтии соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр сухан ронда доир ба таъмини талаботи муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, муассисаҳои дигари буҷетӣ ва сокинони маркази шаҳру шаҳракҳо бо маводи сўзишворӣ, ташкили нуқтаҳои фурўши он, таъмини муассисаҳо бо таҷҳизоти истеҳсолкунандаи барқӣ ва монанди ин сухан ронда ба масъулин дар бораи назорати мунтазами ҳолати таҷҳизоту маводи оташнишонӣ, таъмини ҷамъоварии саривақтии маблағҳо барои истифодаи неруи барқ, пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, захираи воҷиби ҳаҷми зарурии сўзишвориҳо, насби ҳисобченкунакҳо барои истифодаи об ва амсоли ин дастуру супоришҳои мушаххас дод.